Фиристодани подшоҳ расулон ба Самарқанд ба овардани заргар
Шаҳ фиристод он тараф як-ду расул,
Ҳозиқону кофиёни бас адул.
То Самарқанд омаданд он ду амир
Пеши он заргар зи шоҳаншаҳ башир,
К-эй латифустоди комилмаърифат!
Фош андар шаҳрҳо аз ту сифат.
Нак, фалон шаҳ аз барои заргарӣ
Ихтиёрат кард, зеро меҳтарӣ.
Инак ин хилъат бигиру зарру сим,
Чун биёӣ, хос бошиву надим.
Мард молу хилъати бисёр дид,
Ғурра шуд, аз шаҳру фарзандон бурид.
Андар омад шодмон дар роҳ мард,
Бехабар, к-он шоҳ қасди ҷон-ш кард.
Аспи тозӣ барнишасту шод тохт,
Хунбаҳои хешро хилъат шинохт.
Эй шуда андар сафар бо сад ризо
Худ ба пойи хеш то сӯу-л-қазо.
Дар хаёлаш мулку иззу меҳтарӣ,
Гуфт Азроил: «Рав, оре, барӣ».
Чун расид аз роҳ он марди ғариб,
Андар овардаш ба пеши шаҳ табиб.
Сӯйи шоҳаншоҳ бурдандаш ба ноз,
То бисӯзад бар сари шамъи Тироз.
Шоҳ дид ӯро, басе таъзим кард,
Махзани зарро бад-ӯ таслим кард.
Пас ҳакимаш гуфт, к-эй султони меҳ,
Он канизакро бад-ин хоҷа бидеҳ.
То канизак дар висолаш х(в)аш шавад,
Оби васлаш дафъи он оташ шавад.
Шаҳ бад-ӯ бахшид он маҳрӯйро,
Ҷуфт кард он ҳар ду сӯҳбатҷӯйро.
Муддати шаш моҳ меронданд ком,
То ба сиҳҳат омад он духтар тамом.
Баъд аз он аз баҳри ӯ шарбат бисохт,
То бихӯрду пеши духтар мегудохт.
Чун зи ранҷурӣ ҷамоли ӯ намонд,
Ҷони духтар дар вуболи ӯ намонд.