Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Баёни он ки куштан ва заҳр додани марди заргар ба ишорати илоҳӣ буд, на ба ҳавои нафс ва тааммули фосид

Куштани он мард бар дасти ҳаким На пайи уммед буду на зи бим. ӯ накушташ аз барои табъи шоҳ, То наёмад амру илҳоми Илоҳ. Он писарро к-иш Хизир бубрид ҳалқ, Сирри онро дарнаёбад оми халқ. Он кӣ аз Ҳақ ёбад ӯ ваҳю ҷавоб, Ҳар чӣ фармояд, бувад айни савоб. Он кӣ ҷон бахшад, агар букшад равост, Ноиб асту дасти ӯ дасти Худост. Ҳамчу Исмоил пешаш сар бинеҳ, Шоду хандон пеши теғаш ҷон бидеҳ. То бимонад ҷон-т хандон то абад, Ҳамчу ҷони поки Аҳмад бо аҳад. Ошиқон он гаҳ шароби ҷон кашанд, Ки ба дасти хеш хубоншон кушанд. Шоҳ он хун аз пайи шаҳват накард, Ту раҳо кун бадгумониву набард. Ту гумон бурдӣ, ки кард олудагӣ, Дар сафо ғиш кай ҳилад полудагӣ? Баҳри он аст ин риёзат в-ин ҷафо, То барорад кӯра аз нуқра ҷуфо. Баҳри он аст имтиҳони неку бад, То биҷӯшад, бар сар орад зар зи бад. Гар набудӣ кораш илҳоми Илоҳ, ӯ саге будӣ даронанда, на шоҳ. Пок буд аз шаҳвату ҳирсу ҳаво, Нек кард ӯ, лек неки баднамо. Гар Хизир дар баҳр киштиро шикаст, Сад дурустӣ дар шикасти Хизр ҳаст. Ваҳми Мӯсо бо ҳама нуру ҳунар Шуд аз он маҳҷуб, ту бепар мапар. Он гули сурх аст, ту хунаш махон, Масти ақл аст ӯ, ту маҷнунаш махон. Гар будӣ хуни мусулмон коми ӯ, Кофирам, гар бурдаме ман номи ӯ. Мебиларзад арш аз мадҳи шақӣ, Бадгумон гардад зи мадҳаш муттақӣ.