Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳикояти баққолу тӯтӣ ва равған рехтани тӯтӣ дар дукон

Буд баққолеву вайро тӯтие, Хушнавое, сабз, гӯё тӯтие. Бар дукон будӣ нигаҳбони дукон, Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон. Дар хитоби одамӣ нотиқ будӣ, Дар навои тӯтиён ҳозиқ будӣ. Ҷаст, аз сӯйи дукон, сӯйе гурехт, Шишаҳои равғани гулро бирехт. Аз сӯйи хона биёмад хоҷааш, Бар дукон биншаст фориғ, хоҷаваш. Дид пурравған дукону ҷома чарб, Бар сараш зад, гашт тӯтӣ кал зи зарб. Рӯзаке чанде сухан кӯтоҳ кард, Марди баққол аз надомат оҳ кард. Риш бармеканду мегуфт: «Эй дареғ, К-офтоби неъматам шуд зери меғ. Дасти ман бишкаста будӣ он замон, Ки задам ман бар сари он хушзабон». Ҳадяҳо медод ҳар дарвешро, То биёбад нутқи мурғи хешро. Баъди се рӯзу се шаб ҳайрону зор Бар дукон биншаста буд навмедвор. Менамуд он мурғро ҳар гун ниҳуфт, То ки бошад, андар ояд ӯ ба гуфт. Ҷавлақие сарбараҳна мегузашт, Бо сари бемӯ, чу пушти тосу ташт. Омад андар гуфт тӯтӣ он замон, Бонг бар дарвеш зад чун оқилон. К-аз чӣ, эй кал бо калон омехтӣ? Ту магар аз шиша равған рехтӣ? Аз қиёсаш ханда омад халқро, К-ӯ чу худ пиндошт соҳибдалқро. Кори поконро қиёс аз худ магир, Гарчи монад дар набиштан шеру шир. Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ шуд, Кам касе з-абдоли Ҳақ огоҳ шуд. Ҳамсарӣ бо анбиё бардоштанд, Авлиёро ҳамчу худ пиндоштанд.