Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: Маснавии Маънавӣ

Шеърҳои марбут ба теги «Маснавии Маънавӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Талбиси вазир бо насоро

👁 30

Пас бигӯям ман ба сир, насрониям, Эй Худои роздон, медониям. Шоҳ воқиф гашт аз имони ман В-аз таассуб кард қасди ҷони ман.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Омӯхтани вазир макр подшоҳро

👁 26

Ӯ вазире дошт, габру ишвадеҳ, К-ӯ бар об аз макр барбастӣ гиреҳ. Гуфт: «Тарсоён паноҳи ҷон кунанд, Дини худро аз малик пинҳон кунанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Донистани он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониёнро мекушт аз баҳри таассуб

👁 18

Буд шоҳе дар ҷуҳудон зулмсоз, Душмани Исову насронигудоз. Аҳди Исо буду навбат они ӯ, Ҷони Мӯсо ӯву Мӯсо ҷони ӯ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳикояти баққолу тӯтӣ ва равған рехтани тӯтӣ дар дукон

👁 30

Буд баққолеву вайро тӯтие, Хушнавое, сабз, гӯё тӯтие. Бар дукон будӣ нигаҳбони дукон, Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Баёни он ки куштан ва заҳр додани марди заргар ба ишорати илоҳӣ буд, на ба ҳавои нафс ва тааммули фосид

👁 12

Куштани он мард бар дасти ҳаким На пайи уммед буду на зи бим. ӯ накушташ аз барои табъи шоҳ, То наёмад амру илҳоми Илоҳ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Фиристодани подшоҳ расулон ба Самарқанд ба овардани заргар

👁 13

Шаҳ фиристод он тараф як-ду расул, Ҳозиқону кофиёни бас адул. То Самарқанд омаданд он ду амир Пеши он заргар зи шоҳаншаҳ башир,

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дарёфтани он валӣ ранҷро ва арз кардани ранҷи ӯ пеши подшоҳ

👁 12

Баъд аз он бархост, азми шоҳ кард, Шоҳро з-он шаммае огоҳ кард. Гуфт: «Тадбир он бувад, к-он мардро Ҳозир орем аз пайи ин дардро.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Хилват талабидани он валӣ аз подшоҳ ҷиҳати дарёфтани ранҷи канизак

👁 12

Гуфт: «Эй шаҳ, хилвате кун хонаро, Дур кун ҳам хешу ҳам бегонаро. Кас надорад гӯш дар даҳлезҳо, То бипурсам з-ин канизак чизҳо.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бурдани подшоҳ он табибро бар сари бемор, то ҳоли ӯро бибинад

👁 11

Қиссаи ранҷуру ранҷурӣ бихонд, Баъд аз он дар пеши ранҷураш нишонд. Ранги рӯю набзу қорура бидид, Ҳам аломоташ, ҳам асбобаш шунид.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мулоқоти подшоҳ бо он валӣ, ки дар хобаш намуданд

👁 11

Даст бигшоду каноронаш гирифт, Ҳамчу ишқ андар дилу ҷонаш гирифт. Дасту пешониш бӯсидан гирифт В-аз мақому роҳ пурсидан гирифт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Аз Худованди валиюттавфиқ дархостани тавфиқи риояти адаб дар ҳамаи ҳолҳо ва баён кардани вахомати зарарҳои беадабӣ

👁 20

Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб, Беадаб маҳрум гашт аз лутфи раб. Беадаб танҳо на худро дошт бад, Балки оташ дар ҳама офоқ зад.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Зоҳир шудани аҷзи ҳакимон аз муолиҷаи канизак ва рӯй овардани подшоҳ ба даргоҳи Илоҳ ва дар хоб дидани ӯ валиеро

👁 7

Шаҳ чу аҷзи он ҳакимонро бидид, Побараҳна ҷониби масҷид давид. Рафт дар масҷид, суи меҳроб шуд, Саҷдагоҳ аз ашки шаҳ пуроб шуд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ошиқ шудани подшоҳ бар канизаки ранҷур ва тадбир кардан дар сиҳҳати ӯ

👁 16

Бишнавед, эй дӯстон, ин достон, Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он. Буд шоҳе дар замоне пеш аз ин, Мулки дунё будашу ҳам мулки дин.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 139

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ