Бурдани подшоҳ он табибро бар сари бемор, то ҳоли ӯро бибинад
Қиссаи ранҷуру ранҷурӣ бихонд,
Баъд аз он дар пеши ранҷураш нишонд.
Ранги рӯю набзу қорура бидид,
Ҳам аломоташ, ҳам асбобаш шунид.
Гуфт: «Ҳар дору, ки эшон кардаанд,
Он иморат нест, вайрон кардаанд.
Бехабар буданд аз ҳоли дарун,
«Астаъизуллоҳа миммо йафтарун».
Дид ранҷу кашф шуд бар вай ниҳуфт,
Лек пинҳон карду бо султон нагуфт.
Ранҷаш аз сафрову аз савдо набуд,
Бӯйи ҳар ҳезум падид ояд зи дуд.
Дид аз зориш, к-ӯ зори дил аст,
Тан хуш асту ӯ гирифтори дил аст.
Ошиқӣ пайдост аз зории дил,
Нест беморӣ чу бемории дил.
Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,
Ишқ устурлоби асрори Худост.
Ошиқӣ гар зин сару гар з-он сар аст,
Оқибат моро бад-он сар раҳбар аст.
Ҳар чӣ гӯям ишқро шарҳу баён,
Чун ба ишқ оям, хиҷил бошам аз он.
Гарчи тафсири забон равшангар аст,
Лек ишқи безабон равшантар аст.
Чун қалам андар навиштан мешитофт,
Чун ба ишқ омад, қалам бар худ шикофт.
Ақл дар шарҳаш чу хар дар гил бихуфт,
Шарҳи ишқу ошиқӣ ҳам ишқ гуфт.
Офтоб омад далели офтоб,
Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб.
Аз вай ар соя нишоне медиҳад,
Шамс ҳар дам нури ҷоне медиҳад.
Соя хоб орад туро ҳамчун самар,
Чун барояд шамс, иншаққа-л-қамар.
Худ ғарибе дар ҷаҳон чун Шамс нест,
Шамси ҷон боқист, ӯро амс нест.
Шамс дар хориҷ агарчи ҳаст фард,
Метавон ҳам мисли ӯ тасвир кард.