Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мулоқоти подшоҳ бо он валӣ, ки дар хобаш намуданд

Даст бигшоду каноронаш гирифт, Ҳамчу ишқ андар дилу ҷонаш гирифт. Дасту пешониш бӯсидан гирифт В-аз мақому роҳ пурсидан гирифт. Пурс-пурсон мекашидаш то ба садр, Гуфт: «Ганҷе ёфтам, аммо ба сабр». Гуфт: «Эй нури Ҳақу дафъи ҳараҷ!» Маънии «Ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ!» Эй лиқои ту ҷавоби ҳар суол! Мушкил аз ту ҳал шавад беқилу қол. Тарҷумонӣ, ҳар чӣ моро дар дил аст, Дастгирӣ, ҳар кӣ пояш дар гил аст. Марҳабо ё муҷтабо ё муртазо! «Ин тағиб ҷоа-л-қазо зоқа-л-фазо. Анта мавла-л-қавми ман ло йаштаҳи Қад радо калло лаин лам йантаҳи». Чун гузашт он маҷлису хони карам, Дасти ӯ бигрифту бурд андар ҳарам.