Хилват талабидани он валӣ аз подшоҳ ҷиҳати дарёфтани ранҷи канизак
Гуфт: «Эй шаҳ, хилвате кун хонаро,
Дур кун ҳам хешу ҳам бегонаро.
Кас надорад гӯш дар даҳлезҳо,
То бипурсам з-ин канизак чизҳо.
Хона холӣ монду як дайёр на,
Ҷуз табибу ҷуз ҳамон бемор на.
Нарм-нармак гуфт: «Шаҳри ту куҷост?
Ки илоҷи аҳли ҳар шаҳре ҷудост.
В-андар он шаҳр аз қаробат кистат?
Хешиву пайвастагӣ бо чистат?»
Даст бар набзаш ниҳоду як ба як
Бозмепурсид аз ҷаври фалак.
Чун касеро хор дар пояш ҷаҳад,
Пойи худро бар сари зону ниҳад.
В-аз сари сӯзан ҳамеҷӯяд сараш
В-ар наёбад, мекунад бо лаб тараш.
Хор дар по шуд чунин душворёб,
Хор дар дил чун бувад? Водеҳ ҷавоб.
Хори дилро гар бидидӣ ҳар хасе,
Даст кай будӣ ғамонро бар касе?
Кас ба зери думми хар хоре ниҳад,
Хар надонад дафъи он, бармеҷаҳад.
Барҷаҳад в-он хор мӯҳкамтар занад,
Оқиле бояд, ки хоре барканад.
Хар зи баҳри дафъи хор, аз сӯзу дард,
Ҷуфта меандохт, сад ҷо захм кард.
Он ҳакими хорчин устод буд,
Даст мезад, ҷо ба ҷо меозмуд.
З-он канизак бар тариқи достон
Бозмепурсид ҳоли дӯстон.
Бо ҳаким ӯ қиссаҳо мегуфт фош
Аз мақому хоҷагону шаҳру бош.
Сӯйи қисса гуфтанаш медошт гӯш,
Сӯйи набзу ҷастанаш медошт ҳуш.
То ки набз аз ном кай гардад ҷаҳон,
ӯ бувад мақсуди ҷонаш дар ҷаҳон.
Дӯстони шаҳри ӯро баршумурд,
Баъд аз он шаҳре дигарро ном бурд.