Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ёри мо, дилдори мо, олами асрори мо
Ёри мо, дилдори мо, олами асрори мо, Юсуфи дидори мо, равнақи бозори мо! Бар дами имсоли мо ошиқ омад пори мо, Муфлисонему туйӣ ганҷи мо, динори мо!
Маро бидиду напурсид он нигор чаро?!
Маро бидиду напурсид он нигор чаро?! Туруш-туруш бигузашт аз дарича ёр чаро?! Сабаб чӣ буд, чӣ кардам, ки бад намуд зи ман, Ки хотираш бигирифтаст ин ғубор чаро
Биёр он, ки қаринро суви қарин кашадо
Биёр он, ки қаринро суви қарин кашадо, Фариштаро зи фалак ҷониби замин кашадо! Ба ҳар шабе чу Муҳаммад ба ҷониби миъроҷ Буроқи ишқи абадро ба зери зин кашадо!
Боз бунафша расид ҷониби савсан дуто
Боз бунафша расид ҷониби савсан дуто, Боз гули лаълпӯш мебидаронад қабо. Боз расиданд шод з-он суви олам чу бод Масту хиромону хуш сабзқабоёни мо!
Бар гӣчҳои мо зан, ай гичии хирадҳо
Бишкан сабӯву кӯза, ай мири оби ҷонҳо, То во шавад чу коса дар пеши ту даҳонҳо! Бар гӣчҳои мо зан, ай гичии хирадҳо, То вораҳад ба гичӣ ин ақл з-имтиҳонҳо!
Бо он ки мерасонӣ он бодаи бақоро
Бо он ки мерасонӣ он бодаи бақоро. Бе ту намегуворад ин ҷоми бода моро! Мутриб, қадаҳ раҳо кун, з-ин гуна нолаҳо кун, Ҷоно, яке баҳо кун он ҷинси бебаҳоро!
Омад баҳори ҷонҳо, ай шохи тар, ба рақс о
Омад баҳори ҷонҳо, ай шохи тар, ба рақс о, Чун Юсуф андаромад, Мисру шакар ба рақс о! Ай шоҳи ишқпарвар, монанди шири модар, Ай шири ҷӯш дар рӯ, ҷони падар, ба
Ту маро ҷону ҷаҳонӣ, чӣ кунам ҷону ҷаҳонро?!
Ту маро ҷону ҷаҳонӣ, чӣ кунам ҷону ҷаҳонро?! Ту маро ганҷи равонӣ, чӣ кунам суду зиёнро?! Нафасе ёри шаробам, нафасе ёри кабобам, Чу дар ин даври харобам, чӣ ку
Ай ҳавасҳои дилам, боре биё, рӯе намо
Ай ҳавасҳои дилам, боре биё, рӯе намо, Ай муроду ҳосилам, боре биё, рӯе намо! Мушкилу шӯридаам чун зулфи ту, чун зулфи ту, Ай кушоди мушкилам, боре биё, рӯе нам
Ай ҳавасҳои дилам, биё
Ай ҳавасҳои дилам, биё, биё, биё, биё, Ай муроду ҳосилам, биё, биё, биё, биё! Мушкилу шӯридаам чун зулфи ту, чун зулфи ту, Ай кушоди мушкилам, биё, биё, биё, би
Дар миёни пардаи хун ишқро гулзорҳо
Дар миёни пардаи хун ишқро гулзорҳо, Ошиқонро бо ҷамоли ишқи бечун корҳо! Ақл гӯяд: «Шаш ҷиҳат ҳаддасту берун роҳ нест», Ишқ гӯяд: «Роҳ ҳасту рафтаам ман борҳо»
Машкан дили марди муштариро
Машкан дили марди муштариро, Бигзор раҳи ситамгариро! Раҳм ор, маҳо, ки дар шариъат Қурбон накунанд лоғареро!
Аз дур бидида Шамси динро
Аз дур бидида Шамси динро, Фахри Табрезу рашки Чинро; Он чашму чароғи осмонро, Он зиндакунандаи заминро;
Зи рӯйи туст ид осор моро
Зи рӯйи туст ид осор моро, Биё, ай иду идӣ ор моро! Ту ҷони иду аз рӯйи ту, ҷоно, Ҳазорон ид дар асрор моро!
Хабар кун, ай ситора, ёри моро
Хабар кун, ай ситора, ёри моро, Ки дарёбад дили хунхори мо! Хабар кун он табиби ошиқонро, Ки то шарбат диҳад бемори моро!
Зиҳӣ ишқ, зиҳӣ ишқ, ки морост, Худоё!
Зиҳӣ ишқ, зиҳӣ ишқ, ки морост, Худоё! Чӣ нағз аст, чӣ хуб аст, чӣ зебост, Худоё! Чӣ гармем, чӣ гармем аз ин ишқ чу хуршед, Чӣ пинҳон, чӣ пинҳони, чӣ пайдост, Ху
Ёре, ки кунад ба ёр пайванд
Ёре, ки кунад ба ёр пайванд, Нахли амалаш шавад барўманд. Ёр аст калиди ганҷи уммед, Ёр аст навиди айши ҷовид...
Шоҳ Султон Заҳириддин Бобур
Шоҳ Султон Заҳириддин Бобур, Ки чаҳон шуд зи сийти адлаш пур. Сарви навхези боғи султонӣ, Навгули гулшани темурхонӣ,
Ҷаҳоне пур зи мақсуд асту роҳе равшану пайдо
Ҷаҳоне пур зи мақсуд асту роҳе равшану пайдо, Дареғо, ташналаб хоҳем мурдан бар лаби дарё. Касе, к-аз талъати хуршед ҷуз гармӣ намебинад, Дило, маъзур медораш,
Бигзор дар он кӯй мани ашкфишонро
Бигзор дар он кӯй мани ашкфишонро, То дида диҳад об гулу сарви равонро. Мапсанд бар он рух, ки фитад сояи гулбарг, Гулбарг таҳаммул накунад бори гаронро.
Аз ошиқӣ ҳамеша ҷавон аст пири мо
Аз ошиқӣ ҳамеша ҷавон аст пири мо, Холӣ мабод ишқи бутон аз замири мо. Бо он ки чун чароғи саҳар шуд ҷавонамарг, Ҳам дер зист муддаии зудмири мо.
Аз пираҳанат бӯе омад ба гулистонҳо
Аз пираҳанат бӯе омад ба гулистонҳо, Карданд пур аз накҳат гулҳо ҳама домонҳо. Бо ришта ҳама чоке шуд дӯхта, в-ин турфа, К-аз риштаи зулфи ту чок аст гиребонҳо.
Он ки дар дил ҳаваси рӯзи висол аст ӯро
Он ки дар дил ҳаваси рӯзи висол аст ӯро, Хоби хуш дар сар агар ҳаст, хаёл аст ӯро. Дил зи чашмаш чӣ шуд, ар кард суоли назаре, Чун назарҳост дар он, ҷойи суол а
Дарегам ояд хондан гизофвор ду ном
Дарегам ояд хондан гизофвор ду ном, Бузургвор ду ном аз гизоф хондани хом: Яке, ки хубонро яксара наку хонанд, Дигар, ки ошиқ гӯянд ошиқонро ом.
Мусаххар кардаанд аҳли чунун иқлими ҳомунро
Мусаххар кардаанд аҳли чунун иқлими ҳомунро, Саводи чашми оҳу муҳри бодомист Маҷнунро. Ба хоки хуни ҳасрат Кӯҳкан мастона меғалтад, Хаёли соғари май карда нақши
