Он ки дар дил ҳаваси рӯзи висол аст ӯро
Он ки дар дил ҳаваси рӯзи висол аст ӯро,
Хоби хуш дар сар агар ҳаст, хаёл аст ӯро.
Дил зи чашмаш чӣ шуд, ар кард суоли назаре,
Чун назарҳост дар он, ҷойи суол аст ӯро?!
Холи лабҳош ба хуни дили соҳибназарон
Ташна аз чист, чу дар пеш зулол аст ӯро?
Офтоб аз ҳаваси он, ки шавад ҳамсари ӯ,
Истад росту з-ин бими завол аст ӯро.
Дили бемори ман аз долу алиф холӣ нест,
То қади чун алифу зулфи чу дол аст ӯро.
Ба ҷигархунӣ бисёр ба каф кард ғамаш
Хуни ушшоқ, бихӯр гӯ, ки ҳалол аст ӯро.
Ба Камол аст ҳама ҷавру ҷафову ситамаш,
Ин сифатҳо, ки шунидӣ, ба камол аст ӯро.