Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Мадҳ

Эй зоти ту бо зуҳури олам, Чун хилқати Мустафову Одам! Бар лавҳи вуҷуд нуқтаи саҳв Афтода муаххару муқаддам. Дар фотиҳаи ҳуруфи номат Мактум хавоси исми аъзам. Дар доияи давоми умрат Аз ваҳй ояд фаришта мулҳам. Аъвони малак туро мусаххар, Иқлими дувал туро мусаллам. Шукри ниъами ту амри куллӣ, Таъзими дари ту боби муъаззам. Дар мушкили мулк ақли доно Бо раъйи ту гуфта «анта аълам». Дар баҳси каломи мантиқи ту Бо нотиқе гуфтааст абкам. Килки ҳамадони роздорат Дар машварати мулук маҳрам. Пири хирадат ба ройи анвар Чун субҳ ба офтоб ҳамдам. Наздики саҳар, ки кӯси султон Афканд фиғон ба ҳафт торум, Бар гӯшаи боми ту ҳамоме Хонд ин ғазал ӯ бар ин тараннум: К-эй хаста дилам ба новаки ғам, Бар хастадилони хеш ирҳам! Аз турраи ту ба рӯйҳо чин, В-аз абруи ту ба пуштҳо хам. З-он ғамза нишаста бар дили реш Пайкони туям ба ҷойи марҳам. Болотар аз абруят моҳи нав