Дар наъти ҳазрати Муҳаммад (с)
Эй моҳи рухсори ту матлаъи субҳи яқин,
Ғошияи кибриёт шаҳпари Руҳулъамин.
Оинадори рухат орази моҳи тамом,
Такягоҳи минбарат пояи чархи барин.
Сояи қадди ту дид дар чамани дилбарӣ,
К-аз сари хиҷлат бимонд сарви саҳӣ дар замин.
Аз гули рухсори туст лолаи серобро
Қатраи обе, ки ҳаст бар ҷигари оташин.
Хатти ҷабини ту буд он, ки шудаст ошкор
Бар варақи коинот нақши Расулу-л-амин.
Одами хокӣ, ки буд пешрави анбиё,
Доғи қабули ту дошт бар сари лавҳи ҷабин.
Шаҳнаи ҳукми туро тири қазо дар камон,
Бозуи амри туро теғи қадар дар камин.
Зери рикоби туянд шоҳсаворони давр,
Ғошиядорони ту коргузорони дин.
Хотами иқболи туст он, ки ба муҳри қабул
Хушку тари коинот дошт ба зери нигин.
Бе ту куҷо пай барад дар ҳарами кибриё
Сӯфии парҳезгор, зоҳиди хилватнишин?
Хоки кафи пои туст домани охирзамон,
Дасти ту з-он барфишонд бар ду ҷаҳон остин.
Муддаиён нашнаванд наъти Камоли туро,
Лоиқи ҳар гӯш нест донаи дурри самин.
Субҳаи каррубиён вирди санои ту бод,
То ки ба субҳи нушур бар ту кунанд офарин.