Дар тавҳид
Эй бар камоли қудрати Ту ақли кул гувоҳ,
Бар лавҳи кибриёи Ту тавқеъи «ло илоҳ».
Ошуфтагони хоки раҳат раҳравони дин,
Дурдикашони ҷоми ғамат соликони роҳ.
Аз шабнами атои Ту як қатра баҳру кон,
В-аз партави ҷамоли Ту як зарра меҳру моҳ.
Мурғи умед аз кафи ҷуди Ту донаҷӯй,
Дасти ниёз бар дари адли Ту додхоҳ.
Номи Ту сайқалест, к-аз оинаи вуҷуд
Берун барад ба нури хирад занги иштибоҳ.
Султони ғайрати Ту ба фармони «кун фаён»
Гард аз раҳи вуҷуд баровард бе сипоҳ.
Осори сунъи Туст, ки бар тоқи нилгун
Субҳи сафед рӯй намуд аз шаби сиёҳ.
Анвори ҳусни Туст, ки аз ҷайби осмон
Хуршед баркашид чу Юсуф зи қаъри чоҳ.
Он ҷо, ки оби лутфи Ту сад неш гашта нӯш,
В-он ҷо, ки боди қаҳри Ту сад кӯҳ гашта коҳ.
Гоҳ аз Ту ҷон барад ба сафо пири дурднӯш,
Гоҳ аз Ту хун хӯрад ба ҷафо тифли бегуноҳ.
Бинҳад насими лутфи Ту дар нофи нофа мушк,
Бандад самуми қаҳри Ту бар шохи гул гиёҳ.
Мӯсо калими боргаҳи Тусту посбон,
Фиръавн рондаи назари Тусту подшоҳ.
Тоат чӣ суд зоҳиди парҳезгорро,
Гар бар дари қабули Туяш нест обу ҷоҳ?
Эй Он ки соликони дари кибриётро
Набвад ба ҷуз сародиқи эҳсони Ту паноҳ!
Бахшой бар Камол, ки нуқсонпазир нест,
Гар бархӯранд аз Ту муҳиббони боргоҳ.