Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Ифтитоҳи сухан он беҳ, ки кунанд аҳли камол

Ифтитоҳи сухан он беҳ, ки кунанд аҳли камол Ба санои маликулмулк Худои мутаъол. Подшоҳе, ки ба перомани ҷоҳаш нарасад Аз азал то ба абад васмати нуқсону завол. Бар дари бори ҷалолаш набувад ҷойи нишаст Шаҳриёрони ҷаҳонро ба ҷуз аз саффи ниъол. Дар ҳарими малакуташ, ки малак бор наёфт, Ақлу ҳисс амри муҳол аст, ки ёбанд маҷол. Оҳанинпой чу паргор шуду ҳам нарасид Пайки андеша дар он доира илло ба хаёл. Ҳаст дар чашм ҳама ноқису муъталулъайн Ҳар ки мақрун ба чунин зот кунад шибҳу мисол. Қудрати ӯст, ки парварда ба ширинкорӣ Тӯтии нотиқаро дар шакаристони мақол. Ҳикмати ӯст, ки парвонаи дин дода ба ақл, То ниҳад шамъи ҳидоят ба шабистони залол. Гар бихонӣ ба масал ояти ҳилмаш бар кӯҳ, Бо ҳама сангдилӣ нола барояд зи ҷибол. Бурда з-оинаи дил ғуссаи ӯ занги ҳазан, Руфта аз гӯшаи хотир ғами ӯ гарди малол. Пеши асҳоби яқин бурдани номаш ба забон Ҳамчунон аст, ки бо ташналабон васфи зулол. Мепарад мурғи раҷо ҷилвакунон шох ба шох Дар ҳавои чамани раҳмати ӯ фориғбол. Гар шавад мозиву ҳолоти ҷаҳон мустақбал, Зоти покат нашавад мунтақил аз ҳол ба ҳол. Гар шаҳодат бинависем ба каҷтабъии нафс, Доли худ бар каҷии ҳайъати худ бошад дол. В-арна аз бандаи осӣ чӣ ибодат ояд Бо чунин феъли баду нафси накӯҳидахисол? Ё Раб, он дам, ки ба селоби аҷал хонаи умр Бипазирад халалу тан шавад аз ғам чу ҳилол, Чашм бар роҳи иноят ниҳад ин ҷисми заъиф, Аҷз пеш оварад он рӯз, бувад мискинҳол. Ба чароғи рухи он моҳ, ки бурданд ба чарх Ҳафт қандили зарандуд аз ӯ нури ҷамол. Ба камолоти Муҳаммад, ки ба Ҳақ ёфтаанд