Аз пираҳанат бӯе омад ба гулистонҳо
Аз пираҳанат бӯе омад ба гулистонҳо,
Карданд пур аз накҳат гулҳо ҳама домонҳо.
Бо ришта ҳама чоке шуд дӯхта, в-ин турфа,
К-аз риштаи зулфи ту чок аст гиребонҳо.
То хони малоҳатро орост ба сабзӣ хат,
Афканд лаби лаълат шӯре ба намакдонҳо.
Гар зулф барафшонӣ, дар по фиканӣ сарҳо,
Чун лаб ба ҳадис орӣ, барбод диҳӣ ҷонҳо.
Дидори рақиб аз дур афзуд маро гиря,
Аз абри сияҳ бошад афзунии боронҳо.
Бемори туро маҳрам шарбат диҳаду марҳам,
Бе чошнии дардат фарёд зи дармонҳо.
Айшу тараб ошиқро дарду ғами ёр орад,
Гар нест, Камол, инҳо, набвад дигарат онҳо.