Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Аз ту натвонад буридан кас ба осонӣ маро

Аз ту натвонад буридан кас ба осонӣ маро, Гар намедонад касам, боре ту медонӣ маро. Миҷмари ишқи туро уд аз вуҷуди худ кунам, Гар барои имтиҳон чун уд сӯзонӣ маро. Сар нагардонам зи ҷаврат, то сарам бар тан бувад, Гар ба сар гардад ҷаҳон, чун гӯй гардонӣ маро. Эй шуда шерони олам дар сари зулфат асир, Ман саги кӯи туам, аз дар чӣ меронӣ маро? Юсуфи сонӣ туиву пири Канъонӣ манам, Дар фироқи худ масӯзон, Юсуфи сонӣ, маро! Толеъам масъуд гардад, ахтарам тобон шавад, Гар Камоли хастаи мискини худ хонӣ маро.