Аз ошиқӣ ҳамеша ҷавон аст пири мо
Аз ошиқӣ ҳамеша ҷавон аст пири мо,
Холӣ мабод ишқи бутон аз замири мо.
Бо он ки чун чароғи саҳар шуд ҷавонамарг,
Ҳам дер зист муддаии зудмири мо.
Сад ҷон зи мо ситонду ба як бӯса ваъда дод,
Бисёрбахш дилбари андакпазири мо.
Дар дил ба қадри зарра нағунҷад хаёли ғайр,
К-аз меҳри ӯ пур аст замири мунири мо.
То кай дуои васли камонабрувон кунем,
Чун бар нишона ҳеч наяфтод тири мо?
Ҷонро чу нест аз тану танро зи ҷон гузир,
Аз мо ҷудо машав дигар, эй ногузири мо!
Дорем сабр андаку беш аз шумор шавқ,
Пӯшида нест аз ту қалилу касири мо.
Рӯзи ҳисоб ғам нахӯрем аз гуноҳ, Камол,
Гар иқди зулфи ёр бувад дастгири мо.