Эй бод, макаш турраи ҷононаи моро
Эй бод, макаш турраи ҷононаи моро,
Занҷир маҷунбон дили девонаи моро!
Он шамъи Чигил гӯ, ки ба рақc ораду парвоз
Ин сӯхтадилҳои чу парвонаи моро.
Диданд зиён, з-он ки ба сад ганҷи Фаридун
Карданд баҳо гавҳари якдонаи моро.
Диданд сиришкам ҳама ҳамсояву гуфтанд:
Ин сел, аҷаб, гар набарад хонаи моро.
Дил гарчи хароб аст зи ғам, чун ту дароӣ,
Обод кунӣ кулбаи вайронаи моро.
Хоби хуши субҳат парад аз дидаи махмур,
Шаб гар шунавӣ наъраи мастонаи моро.
Хоҳад гилаҳо кард Камол имшаб аз он зулф,
Шабҳои чунин гӯш кун афсонаи моро.