Шоҳ Султон Заҳириддин Бобур
Шоҳ Султон Заҳириддин Бобур,
Ки чаҳон шуд зи сийти адлаш пур.
Сарви навхези боғи султонӣ,
Навгули гулшани темурхонӣ,
Вориси тахти подшоҳи шаҳид,
Шоҳ Султон Абўсаиди саид.
Чун Самарқандро ба нирўи бахт,
Кард тасхиру гашт соҳиби тахт.
Буд маҷмўае маро хушхат,
Бар фаворид ҳамин, на хатту нуқат,
Он накўнусха дар миёни аном,
Дошт “Маҷмўаи Рашиди” ном.
Кас фиристоду нусхаро талабид,
Банда ҷуз инқиёд чора надид.
Чун ба чашмаш китоб хуб намуд,
Чанд саҳҳофро талаб фармуд.
То баҳояш кунад, панҷ ҳазор
Шуд муқаррар зи дирҳаму динор.
Шоҳ бемор шуд дар он фурсат,
Ҳасба шуд ёр бо таби навбат.
То ду маҳ монд бар сари бистар,
З-он сабаб шуд футур дар лашкар.
Ҳар кас аз гўшае фаро рафтанд,
Кас наёмад ба ҳар куҷо рафтанд.
Шоҳро кас намонд аз лашкар
Бар дари хона ҷуз дувист нафар.
Шоҳ Султон Али расид ба Каш,
Ду ҳазораш ҷавони бо баркаш.
Шоҳро дигар иқтидор намонд,
Чораи кор ҷуз фирор намонд.
Дар замоне, ки хост кард фирор,
Дид ногаҳ китобро дар бор.
Гуфт: “Касро баҳо надода касе,
Гар равам ҷои хиҷлат аст басе,
Нест мумкин ки ман фирор кунам,
Хулафи ваъда ихтиёр кунам...”
Қарзро ҳартараф давониданд,
То саманро ба ман расониданд.