Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
К
Камолиддин Биноӣ

Ҳар китобе, ки буд дар ахлоқ

Ҳар китобе, ки буд дар ахлоқ, Ҷустам, аз ҳар кӣ буд дар офоқ. Бар сару пои он кутуб гаштам, Бар баду неки халқ бугзаштам, Ҷамъ кардам фавоид аз ҳад беш, Бар гирифтам тариқи мақсади хеш. Ки чу маҳсули ман ба рафъ расад, Хӯшачине аз ӯ ба нафъ расад.