Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
К
Камолиддин Биноӣ

З-он меравам зи куяш маст аз шаробхона

З-он меравам зи куяш маст аз шаробхона, То вақти бехудиҳо мастӣ бувад баҳона. Дар хоб шуд чу гуфтам бо ӯ фасонаи ғам, З-он рӯ, ки ҳаст ӯро ғамҳои ман фасона. Берун мабар зи куяш, эй зоғ устухонам, Шояд хаданги ӯро рӯзе шавад нишона. Мебуд мардумонро аз заҳри чашм роҳат, Гар чашми ӯ намешуд, сарфитнаи замона, Лутфат ба дигарон аст, қаҳри ту бо Биноӣ, Инро, ки бо ту гуфтам, худ гӯӣ, ҳаст ё на?