На ба давлат туро касе ҳамсар
На ба давлат туро касе ҳамсар,
На ба дониш туро касе ҳамсон.
Дар сухан беҳтари зи Хоқони
Дар ҳукумат наи кам аз хоқон.
Фазли ту азҳару мин-аш шамс аст,
Ҳамчу хуршед дар чаҳон тобон.
Ман чӣ гўям, ки аз фазоили ту,
Ҳарчи гўянд, ҳаст сад чандон.
Гар ба тадвин расад фазоили ту,
Натавон забти ў ба сад девон.
На ҳамин дар замона мислат нест,
Ки набудаст ҳам ба ҳеҷ замон...
Он чӣ рондам зи давлати ту сухан,
В-он чӣ додам зи дониши ту нишон,
Нест иғроқи шоирона дар ин,
Нест тахйили муншиёна дар он.
Бегумон воқеъ асту ҳаст яқин,
Бе яқин собит асту нест гумон.