Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Аз дур бидида Шамси динро

Аз дур бидида Шамси динро, Фахри Табрезу рашки Чинро; Он чашму чароғи осмонро, Он зиндакунандаи заминро; Ай гашта чунону ончунонтар, Ҳар ҷон, ки бидида ӯ чунинро! Гуфто, ки киро кушам ба зорӣ, Гуфтам-ш, ки бандаи каминро! Ин гуфтанӣ буду ногаҳоне Аз ғайб кушод ӯ каминро. Оташ дарзад ба ҳасти банда, В-аз бех биканд кибру кинро. Бе дилсияҳии лола з-он май Сармаст бикард ёсаминро. Дар домани ӯст айни мақсуд, Бар мо бифишонд остинро. Шоҳе, ки чу рух намуд маҳро, Бар асби фалак ниҳод зинро. Биншин кажу рост гӯ, ки набвад Ҳамто шаҳи рӯҳи ростинро! Валлаҳ, ки аз ӯ хабар набошад Ҷабрили муқаддаси аминро! Ҳоле чӣ занад, ба қол овард Ӯ чархи баланди ҳафтуминро! Ҷун чашм дигар дар ӯ кушодем, Як ҷав нахарем мо яқинро.