Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳам масҷиду ҳам каъбаву ҳам қибла баҳонаст
Ҳам масҷиду ҳам каъбаву ҳам қибла баҳонаст, Диққат бикунӣ, нури Худо дар дили хонаст. Дар масҷиду дар каъба дунболи чӣ ҳастӣ? Аввал ту бубин қалби касеро нашика
Гӯйед ба наврӯз, ки имсол наёяд
Гӯйед ба наврӯз, ки имсол наёяд, Дар кишвари хунинкафанон раҳ нагушояд. Булбул ба чаман нағмаи шодӣ насарояд, Мотамзадагонро лаби пурханда нашояд.
Мусулмонон! Зи дур ояд садое
Мусулмонон! Зи дур ояд садое, Садои ҷонгудозе, ғамфизое. Надонам, куҷо шабхун зада гypг, Вале донам, ки нолад ошное.
Ин кинаварон боз бо найранги дигар
Ин кинаварон боз бо найранги дигар, Доранд фари фитна бо оҳанги дигар. Фарёд, ки ин шуъбадабозон ҳар рӯз, Хоҳанд ба номи оштӣ ҷанги дигар.
Аз бас хушу масту дилрабо меоӣ
Аз бас хушу масту дилрабо меоӣ, Чун боди баҳор ҷонфазо меоӣ. Дил хонаи ишқи туст, ободаш дор, Чун хона хароб шуд, куҷо меоӣ?
Ятиме, дардманде, бенавое
Ятиме, дардманде, бенавое, Баровард аз дили саҳро садое: «Манеҳ зинҳор аз каф шамъи умед, Агар хоҳӣ расӣ рӯзе ба ҷойе».
Ватанам
Зебо Ватанам, ҷаннати дунё Ватанам! Ай ғарқаи хуну ашк, танҳо Ватанам! Ман ҷуз ту дигар ном наёрам бар лаб, Ай во Ватанам, во Ватанам, во Ватанам.
Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор
Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор, Ки доим дар амон бошад камозор! Ба ёди Ҳақ таъоло бош хушнуд, Ки хушнудӣ ризо ҳосил кунад зуд!
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост? Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост? Ашк ба хунам кашид, оҳ ба бодам супурд, Ақл ба бандам фиканд, рахнаи зи
Дарунхолӣ
Ту айбу гунаҳ чӣ мениҳӣ гардунро, Ту дарси вафо чӣ медиҳӣ Маҷнунро?! Холӣ, ки бувад даруни ту ҳамчу дуҳул, Овози ту ларза медиҳад берунро.
Тамаддун ҳамин чанд девор нест
Тамаддун ҳамин чанд девор нест, Ва ё лӯлаи нафту анбор нест. Тамаддун фақат ҳайкали санг нест, Ҳисобаш ба миқдору фарсанг нест.
Кош то дил мегирифту мешикаст
Кош то дил мегирифту мешикаст, Дӯст меомад, канораш менишаст! Кош мешуд рӯи ҳар рангинкамон Менавиштам, Меҳрубон бо ман бимон!
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ?
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ? Аз роҳи салоҳ оям, ё аз раҳи расвоӣ? То ҷону дилам бошад, чун ҷону дилат ҷӯям, Ё ман ба канор афтам ё ту ба миён оӣ?
Зарраи меҳр
Ҳар нафас, ки мерасад, ӯ ёди соғар мекунад, Бодаи ваҳдат гадою шаҳ бародар мекунад. Гунгро бо меҳри ӯ ҳарфе наояд бар забон, Ишқ он девонаро сардори минбар меку
Буду набуд
Овораам, овораам дар олами буду набуд, Ҷуз ман куҷо ёбад Худо пур аз ғами буду набуд. Хушёрию мастии ман маъно надорад дар ҷаҳон, Дар дасти дарди ман бувад ҷоми
Майхонаи ҳастӣ
Дар ин майхонаи ҳастӣ ҳама сармаст мебинам, Басо девонагони ишқ қадаҳ бар даст мебинам. Гадое неву шоҳе не дар ин ҳангомаи мастӣ, Ҳама дорову нодорро ба ҳам пай
Ду ҳарф
Ҳарду олам рангу бор аз ранги рахшони ду ҳарф, Сурати нобуду буд дар чашми ҳайрони ду ҳарф. Ҷуз сиришк ороише набвад, ки дар чашми қалам, Хома гиряд то абад аз
Савдои ноз
Чеҳраҳояш кони ҳусну дидаҳо дарёи ноз, Байти абру сархати сарводаи волои ноз. Ин замину осмон гар саҷдагоҳи ҳусни ӯст, Дар ниёиш мекунад ҷон, сар ниҳад бар пои
Пайғоми ишқ
Ишқ пайғоми фурӯғ аз марзи кайҳон оварад, Нағмаҳои осмонӣ бар найи ҷон оварад. Чашм мепӯшам, ки паймоям даруни хешро, Дашти оташхези хобам дарди сӯзон оварад.
Побастаи хок
Побастаи хокам, вале гардуни гардон дидаам, Эй ман, басо хуршедҳо дармони кайҳон дидаам. Бори фузуни зиндагӣ бар дӯш раҳпаймо шудам, Гарди гарон аз оламе дар нӯ
Дил мабодо он диле ки хешро доно накард
Хок бодо он саре к-андешаи воло накард, Дил мабодо он диле, ки хешро доно накард... Ҳайфи умре, ки рабудаш панҷаи шому саҳар, Бехабар бигзашту кори нек дар дунё
Эй соқӣ
Ҳамеша сархушам дорад майи илҳомам, эй соқӣ, Саҳар хуршед соғар, моҳ қадаҳ дар шомам, эй соқӣ. Агарчи шишаи гардун шаробе аз шафақ дорад, Бирез аз хуми оташ бод
Ба мастӣ
Дар рӯзи навбаҳорон гуфтам сухан ба мастӣ, Ҳушёри номвар шуд дар анҷуман ба мастӣ. Сархуш намешавам ман аз шишаҳои бода, Дар ду ҷаҳон кашидам ишқи ватан ба маст
Навруз падид омад
Товуси баҳор омад бар боғи ҷаҳон имрӯз, З-он дида набардоранд ҳар пиру ҷавон имрӯз. Наврӯз падид омад бо нағмаи растохез, Ба сабзаву гул руяд аз гӯри хазон имрӯ
Барф
Кӯҳҳо чун мусафедон баста хуш дастори барф, Пуштаҳо бар дӯш доранд ин саҳар кулвори барф. Ё арӯси симтан аз осмон омад ба хок, Хокиёнро дида равшан гашт аз дидо



