Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Умрест ҳамчу мижгон аз дарди нотавонӣ
Умрест ҳамчу мижгон аз дарди нотавонӣ Доман фишондани ман дорад ҷигарфишонӣ. Вомондаи адабро сармояи талаб ку? Хок аст оби гавҳар дар олами равонӣ.
Умр гузашту ҳамчунон доғи вафост зиндагӣ,
Умр гузашту ҳамчунон доғи вафост зиндагӣ, Заҳмати дил куҷо барем, обилапост зиндагӣ? Ҳар чӣ дамид аз саҳар, дошт зи шабнаме асар, Дархури шӯхии нафас ғарқи ҳаёс
Иёри фитнаи чархи ситамгар то куҷо гирӣ?
Иёри фитнаи чархи ситамгар то куҷо гирӣ? Ҳисоби шуълаи ҷаввола чанд аз осиё гирӣ? Руунат бо заифӣ ҷамъ кардан шарм мехоҳад,
Оламе бар бод рафт аз саъйи беповусарӣ,
Оламе бар бод рафт аз саъйи беповусарӣ, Хомаҳо дар машқи лағзиш гум шуд аз бемистарӣ. Фурсати ҷамъияти дил навбаҳори муддаост, Ғунчахуспиҳо муқаддам гир бар гул
Сад ранг нақш бастем дар ёди гулҷабине,
Сад ранг нақш бастем дар ёди гулҷабине, Товус кард моро тасвири нозанине. Парвози шавқ имрӯз маҳмилкаши тапиш нест, Дар байза ҳам ҷунун дошт бе болу пар камине.
Шарари коғазӣ, ороиши дуккон накунӣ,
Шарари коғазӣ, ороиши дуккон накунӣ, Сафҳа оташ назанӣ, фикри чароғон накунӣ. Амали пуч мукофоткамин мабошад, Оташе нест, агар пунба намоён накунӣ.
Шаб чашми ниммасташ во шуд зи хоб ниме,
Шаб чашми ниммасташ во шуд зи хоб ниме, Дар дасти фитна доданд ҷоми шароб ниме. Мавҷи хиҷолати сарв пайдост аз лаби ҷӯ, К-аз шарми қомати ӯ гардида об ниме.
Шодам, к-аз ин гулистон гар суратам надидӣ,
Шодам, к-аз ин гулистон гар суратам надидӣ, Аз бӯи гул ба ранге фарёди ман шунидӣ. Чун соя бори аҷзам вақфи тағофул авлост, К-ин ҷо ба ранги мижгон, то ворасӣ,
Зи дастгоҳ мабар заҳмати гаронҷонӣ,
Зи дастгоҳ мабар заҳмати гаронҷонӣ, Макаш равонӣ аз оби гуҳар ба ғалтонӣ. Хуш он нафас, ки чу маънӣ расад ба урёнӣ, Чу бӯйи гул зи баҳораш либос пӯшонӣ.
Зи пироҳан бурун о, бе шукӯҳе нест урёнӣ,
Зи пироҳан бурун о, бе шукӯҳе нест урёнӣ, Ҷунун кун, то ҳубоберо либоси баҳр пӯшонӣ. Гули оинаро рӯйи ту бахшад ранги ҳайронӣ, Диҳад зулфат ба дасти шона асбоби
Раме, бетобие, тағйири ранге, гардиши ҳоле,
Раме, бетобие, тағйири ранге, гардиши ҳоле, Фусурдӣ бехабар ҷаҳде, ки шояд во кунӣ боле. Ба ранги ғунча натвон офиятмағрур гардидан, Парешонӣ бувад тафсили ҳар
Дӯстон, ин хокдон чун ман надорад дигаре
Дӯстон, ин хокдон чун ман надорад дигаре Хонае зери замин бунёд, нақши по даре. Мурдаму ёди мазори ман накард он масти ноз, Дар ғуборам дошт истиқболи побӯсаш с
Дуӣ ҳавас накунӣ, сӯи худ назар накушоӣ,
Дуӣ ҳавас накунӣ, сӯи худ назар накушоӣ, Даруни хонаат оина аст, дар накушоӣ. Ба ҷаҳд боз нагардад румузи пардаи ашё, Магар даме ки муаммои хайру шар накушоӣ.
Даме ки аҷз шавад дастгоҳи бекорӣ,
Даме ки аҷз шавад дастгоҳи бекорӣ, Гиреҳкушоии нохун расад ба сархорӣ. Миёни огаҳию роҳат аст безорӣ, Зи ҷавҳар оинаҳорост доми бедорӣ.
Дар зиндагӣ нагаштам манзури ошное,
Дар зиндагӣ нагаштам манзури ошное, Афтад магар ба хокам чашме зи нақши пое. Ҳамкисвати ҳубобам, урёниям ниҳон нест, Чун ман надорад ин баҳр шахси тунукридое
Дорад ба мани дилшуда имшаб сари ҷанге
Дорад ба мани дилшуда имшаб сари ҷанге Гулбаргкамоне, паритовусхаданге. Пеши кӣ барам шиква аз он наргиси кофар? Бечора шаҳидам зи дами теғи Фаранге.
Хуш он соат, ки чун тимсол, аз оинаи фарде
Хуш он соат, ки чун тимсол, аз оинаи фарде Ту орӣ сар бурун аз ҷайби нозу ман кунам гарде Зи ранги нотавонӣ узрхоҳи сайри ин боғам, Ба дастанбӯйии
Хашмро оинапардози тараҳҳум кардаӣ,
Хашмро оинапардози тараҳҳум кардаӣ, Дар ниқоби чини пешонӣ табассум кардаӣ. Ҳар сари мӯят забони илтифоте дигар аст, Баски шӯхӣ, дар хамӯшӣ ҳам такаллум кардаӣ.
Чӣ маънибаёнӣ, чӣ лафзошноӣ?
Чӣ маънибаёнӣ, чӣ лафзошноӣ? Расоӣ мадон, то зи худ барнаёӣ. Чу рӯ ёбад оинаи беҳаёӣ, Шавад ҷавҳаророи дандоннамоӣ.
Чун субҳ дорам аз чамани ранги ҷастае
Чун субҳ дорам аз чамани ранги ҷастае Гарди шикастае, ба ҳаво нақшбастае. Гул кардаам зи мисраи барҷастаи нафас Як сакта дар димоғи тааммул нишастае.
Чу чинӣ шудам маҳви нозукадоӣ,
Чу чинӣ шудам маҳви нозукадоӣ, Зи мӯ хат кашидам ба шуҳратнавоӣ, Фиғон доғи дил шуд зи бедаступоӣ, Фусурд оташам, эй тапидан, куҷоӣ?
Чанд печад бар мани бедаступо афтодагӣ?
Чанд печад бар мани бедаступо афтодагӣ? Аз раҳам бардор, то гирад асо афтодагӣ. Шеваи ушшоқ чун ашк аст дар роҳи ниёз, Ибтидо саргаштагиҳо, интиҳо афтодагӣ.
Ҷуз офиятам, нест ба савдои ту нанге,
Ҷуз офиятам, нест ба савдои ту нанге, Эй хок бар он сар, ки наярзид ба санге. Он ҷо ки хироми ту шикорафкани дил буд, Аз сарв чаман ҳам ба ҷигар дошт хаданге.
Ҷаҳд кун, то наравӣ бар асари неку баде,
Ҷаҳд кун, то наравӣ бар асари неку баде, Ки Хизир низ дар ин бодия дом асту даде. То гулистони ту дар сабзаи хат гашт ниҳон, Дидае нест, ки чун лола надорад рам
Бе ту дил дар синаам дорад ҷунунафсонае,
Бе ту дил дар синаам дорад ҷунунафсонае, Нолаи ҷуғде қиёмат карда дар вайронае. Дар суроғи фурсати гумкарда месӯзам нафас, Рафта шамъ аз базму боле мезанад парв

