Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бе ту дил дар синаам дорад ҷунунафсонае,
Бе ту дил дар синаам дорад ҷунунафсонае, Нолаи ҷуғде қиёмат карда дар вайронае. Дар суроғи фурсати гумкарда месӯзам нафас, Рафта шамъ аз базму боле мезанад парв
Беҳосилиям баст ба гардан хами пирӣ,
Беҳосилиям баст ба гардан хами пирӣ, Чун бед зи сар то қадамам олами пирӣ. Дар олами фурсат чӣ қадар қофия танг аст?! Мӯр аст сияҳ пештар аз мотами пирӣ.
Баҳор
Баҳор он дил, ки хун гардад ба савдои гули рӯе, Хутан фикре, ки бандад ошён дар ҳалқаи мӯе. Саҳар оҳе, ки ҷӯшад бо ҳавои сайри гулзоре,
Ба вазъи ғурбатам манзури бетобист оромӣ,
Ба вазъи ғурбатам манзури бетобист оромӣ, Зи мавҷи гавҳарам гарди ятимӣ нест бе доме. Дили маъюси моро, эй фалак, бекор нагзорӣ, Ҳузури ишрати субҳе набошад, ку
Ба нумӯ саре надорад гули боғи кибриёӣ,
Ба нумӯ саре надорад гули боғи кибриёӣ, Надамидаӣ ба ранге, ки бигӯямат куҷоӣ? Пайи ҷустуҷӯйи анқо ба куҷо тавон расондан? На суроғи фаҳм равшан, на чароғи ошно
Барӣ то зи таҳқиқи дидор бӯе,
Барӣ то зи таҳқиқи дидор бӯе, Дар оина бингар, бибину магӯе. Шикасте аён шуд зи сози манумо, Дамидем аз чинии ваҳм мӯе.
Ба тарфи пухтагон тақлид дорад хиҷлати хомӣ,
Ба тарфи пухтагон тақлид дорад хиҷлати хомӣ, Махоҳ аз ғунчаҳо миноию аз барги гул ҷомӣ. Уруҷи нози бемағзон тамошо кардане дорад, Ба афсуни ҳавое чанд сарҳо мек
Ба шуҳрат зад иқболи халқ аз табоҳӣ,
Ба шуҳрат зад иқболи халқ аз табоҳӣ, Сапед аст нақши нигин аз сиёҳӣ. Димоғи ғурур аз фақирон наболад, Каҷӣ нест сармояи бекулоҳӣ.
Баски бе рӯи ту хиҷлат кард хирман зиндагӣ,
Баски бе рӯи ту хиҷлат кард хирман зиндагӣ, Бар ҳарифон марг душвор асту бар ман зиндагӣ. Бо чунин дарде, ки бояд зист дур аз дӯстон, Беҳ, ки напсандад қазо бар
Бардоштани дил зи ҷаҳон кард гаронӣ,
Бардоштани дил зи ҷаҳон кард гаронӣ, К-аз пириям охир ба ҳам афтод ҷавонӣ. Маҳмези раме нест чу таклифи тааллуқ,
Бозам ба ҷунун зад ҳаваси тарҳи замине
Бозам ба ҷунун зад ҳаваси тарҳи замине К-аз номи сухан тоза кунам қитъанигине. Ҳайрат ба дилам раҳ накушояд, чӣ хаёл аст? Бӯи нигаҳе бурдаам аз оинабине.
Боз аз дил ба суи дидаи мо меоӣ,
Боз аз дил ба суи дидаи мо меоӣ, Эй дилу дида фидоят, зи куҷо меоӣ? Хушксоли тараб иқболи тароват дорад, Неъмат арзонии мо, қаҳтзудо меоӣ.
Бо баҳсу ҷадал гар ҳама Бирҷиси улумӣ,
Бо баҳсу ҷадал гар ҳама Бирҷиси улумӣ, Ҷуз мадраса ҳар ҷо биравӣ, раъси қудумӣ. Хулқи ҳасан изои табоеъ написандад, То даъвият илзом бувад, бар ҳама шумӣ.
Эй шайх, ба тадбири амал
Эй шайх, ба тадбири амал беҳудасарфӣ, Дастор ба куҳсор маяфкан, тали барфӣ. Ҳамнисбатии гавҳари розат чӣ хаёл аст?
Эй амаловора
Эй амаловора фитратро чӣ расво кардаӣ? Навҳа кун дар ёди имрӯзе, ки фардо кардаӣ. Ҳусни мутлақро муқайяд то куҷо хоҳӣ шинохт?
Ин чӣ товусии ноз аст, ки андӯхтаӣ?
Ин чӣ товусии ноз аст, ки андӯхтаӣ? Пой то сар ҳама чашмию ба худ дӯхтаӣ. Барқи найранг ба ин ҷилва қиёмат дорад, Шуъла дар пардаи санг асту ҷаҳон сӯхтаӣ.
Афтодаам ба роҳат чун ашк бе равонӣ,
Афтодаам ба роҳат чун ашк бе равонӣ, Мактуби интизорам, шояд маро бихонӣ. Аз сози ҳайрати ман мазмуни нола дарёб, Гарди нигоҳ дорад фарёди нотавонӣ.
Офият пеш оядат, вақте ки аз дунё равӣ,
Офият пеш оядат, вақте ки аз дунё равӣ, Зери гардун нест осудан, магар боло равӣ. Кас рафиқи кас намебошад дар ин ғурбатсаро, Гар ҳама бо корвон бошӣ, ҳамон тан
Офатэҷод аст табъ аз дастгоҳи худсарӣ,
Офатэҷод аст табъ аз дастгоҳи худсарӣ, Духтари раз фитнаҳо мезояд аз бешавҳарӣ. То кай аҷзои камол аз гуфтугӯ барҳам задан? Як нафас ҳам гар ду лаб бар ҳам гузо
Оламу ин тардимоғиҳои ҷоҳ,
Оламу ин тардимоғиҳои ҷоҳ, Шабнаме пошида бар муште гиёҳ. Марг ғофил нест аз сайди нафас, Оташ аз хас барнамедорад нигоҳ.
Зоҳидо, донишнасиби қисмати мубҳам
Зоҳидо, донишнасиби қисмати мубҳам наӣ, Ҳасрати фирдавс то кай? Он қадар одам наӣ. Зарра то хуршед лабрез аст аз истеъдоди хос,
Дар шиканҷи иззатанд арбоби ҷоҳ,
Дар шиканҷи иззатанд арбоби ҷоҳ, Оби гавҳар барнамеояд зи чоҳ. Нахвати шоҳӣ даҳони аждар аст, Шамъро дармекашад охир кулоҳ.
Тори пироҳани ҳаёст нигоҳ,
Тори пироҳани ҳаёст нигоҳ, Косаи чашмро садост нигоҳ. Ҳайрати оина замингирист, Мижа то нест, беасост нигоҳ.
Паре мефишон, эй тааллуқбаҳона,
Паре мефишон, эй тааллуқбаҳона, Ба дил чун нафас бастаӣ ошёна. Дар ин арса зинҳор мафроз гардан, Ки тири балоро нагардӣ нишона.
Ба ту нақши суҳбати мо чӣ қадар баҷо нишаста,
Ба ту нақши суҳбати мо чӣ қадар баҷо нишаста, Ту ба нозу мо дар оташ, ту ба хобу мо нишаста. Сару барги ҷуръати дил ба адаб чаро насӯзад? Ки сипанд ҳам ба базма

