Ба ту нақши суҳбати мо чӣ қадар баҷо нишаста,
Ба ту нақши суҳбати мо чӣ қадар баҷо нишаста,
Ту ба нозу мо дар оташ, ту ба хобу мо нишаста.
Сару барги ҷуръати дил ба адаб чаро насӯзад?
Ки сипанд ҳам ба базмат зи тапиш ҷудо нишаста.
Чӣ қиёмат аст, ё Раб, ба ҷаҳони бениёзӣ,
Ки зи ғайб то шаҳодат ҳама ҷо гадо нишаста?
Чи ниҳон, чи ошкоро, набарӣ хаёли ваҳдат,
Ки зи дида то дил ин ҷо ҳама мосиво
нишаста.
Марав, эй нигаҳ, ба гулшан, ки ба рӯйи ҳар гул он ҷо
Зи ҳуҷуми чашми шабнам арақи ҳаё нишаста.
Чу адӯ занад дузону, нахурӣ фиреби аҷзаш,
Ки ба қасди ҷон туфанге ба сари дупо нишаста.
Ҳама имшабат муҳайё, ту дар интизори фардо,
Нигаҳе, ки нақши ваҳмат зи амал
куҷо нишаста?
Ба раҳе, ки барқтозон ҳама нақши пойи ланганд,
Ба куҷо расида бошам мани беасо нишаста?
Ба ҳазор хун тапидам, ки ба обила расидам,
Чӣ қадар баланд чинад сари зери по нишаста?
Ҳаваси кулоҳи шоҳӣ зи сарат барор, Бедил,
Ба чӣ нозад устухоне, ки бар ӯ ҳумо нишаста?