Паре мефишон, эй тааллуқбаҳона,
Паре мефишон, эй тааллуқбаҳона,
Ба дил чун нафас бастаӣ ошёна.
Дар ин арса зинҳор мафроз гардан,
Ки тири балоро нагардӣ нишона.
Гар аз сози бисмил асар бурда бошӣ,
Тапиш нест дар набзи дил бетарона.
Дили мову доғе зи савдои ишқат,
Сару саҷдаворе аз он остона.
Дар ин дашт ҷавлони бемақсади мо
Ба ҷуз шавқи манзил надорад баҳона.
Аз ин баҳр ворастан имкон надорад,
Маҷӯед бе хок гаштан карона
Мапурсед аз анҷому оғози зулфаш,
Дароз аст сарриштаи ин фасона.
Баҳор аст, эй майкашон, нашъатозе,
Ҷунун дорад аз бӯи гул тозиёна.
Сиришки ниёзам, наме аҷзсозам,
Чӣ сон гардам аз хоки кӯят равона?
Дили хаста, он гоҳ савдои зулфат,
Бинолам ба носурии захми шона.
Ба навмедиям хок шуд арзи ҷавҳар
Чу шамшер дар қабзаи мӯриёна
Садоест печида бар сози ҳастӣ,
Чӣ дорад ба ҷуз нола занҷирхона?
Фусурдему аз хеш рафтем, Бедил,
Чу ранг оташи мо надорад забона.