Тори пироҳани ҳаёст нигоҳ,
Тори пироҳани ҳаёст нигоҳ,
Косаи чашмро садост нигоҳ.
Ҳайрати оина замингирист,
Мижа то нест, беасост нигоҳ.
Шабнами ман ба васли гул чӣ кунад?
Ки зи чашми тарам ҷудост нигоҳ.
Ҳама офоқ наргисистон аст,
Чашм, гӯ, боз шав, куҷост нигоҳ?
Бетамизӣ тамизҳо дорад,
Кӯрро масҳи
дасту пост нигоҳ.
Нест нақше буруни пардаи хок,
Ҳайрат аст ин, ки бар ҳавост нигоҳ.
Ҳосили мо дар ин тамошогоҳ
Интиҳо ҳайрат, ибтидост нигоҳ.
Мижаи баста ошёни ғаност,
Варна, ҳар ҷо расад, гадост нигоҳ.
Фитратат пойдаррикоби ҳавост,
Гар туро бар пари ҳумост нигоҳ.
Касрати ҷилва муфти диданҳо,
Гар кунад аҳвалӣ, баҷост, нигоҳ.
Шамъи фонуси интизори туем,
Гарди парвози ранги мост нигоҳ.
Зиндагӣ сози ҷилвамуштоқист,
Шамъро риштаи бақост нигоҳ.
Баски олам баҳори ҷилваи ӯст,
Бар рухи ӯст, ҳар куҷост нигоҳ.
Бедил, аз ҷилва қонеъам ба хаёл,
Чӣ тавон кард, норасост нигоҳ.