Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Оламу ин тардимоғиҳои ҷоҳ,

Оламу ин тардимоғиҳои ҷоҳ, Шабнаме пошида бар муште гиёҳ. Марг ғофил нест аз сайди нафас, Оташ аз хас барнамедорад нигоҳ. Сарзамини шуълакорон гулхан аст, Кишти моро дуд мебошад гиёҳ. Зиндагонӣ аз нафас ҷон меканад, Умрҳо шуд, мекашам Юсуф зи чоҳ. Ноумедӣ фатҳи боби ишрат аст, Ханда лаб во мекунад аз ҳарфи оҳ. Эй забони лофат афсуни сулук, Бошад аз миқроз мушкил қатъи роҳ. Бода равшанмашрабӣ, он гоҳ дурд, Партави хуршеду маҳ, он гаҳ сиёҳ. Безабонӣ аз хиҷолат растан аст, Узр то боқист, меболад гуноҳ. Ҷустуҷӯ оинадори мақсад аст, Мешавӣ манзил, агар афтӣ ба роҳ. Ноз кун, гар фикри хешат раҳ назад, Аз гиребон ғофилӣ, бишкан, кулоҳ. Нархи бозори карам нашкастанист, Гар дилат чизе нахоҳад, узр хоҳ. Бедил, аз ғафлат касеро чора нест, Сояе дорад гадо то подшоҳ.