Зоҳидо, донишнасиби қисмати мубҳам
Зоҳидо, донишнасиби қисмати мубҳам
наӣ,
Ҳасрати фирдавс то кай? Он қадар одам наӣ.
Зарра то хуршед лабрез аст аз истеъдоди хос,
Бешият ин бас, ки дар ҳар ранге аз худ кам наӣ.
Аз ҳарифон зарф мехоҳад хароботи яқин,
Ҷом бисёр аст, аммо кас чӣ созад? Ҷам наӣ.
Дар мизоҷат ҷавҳари таслим натвон ёфтан,
Гардани шамъӣ, ки ҳарчанд об гардӣ, хам наӣ.
Меҳрварзӣ дар ҳақи халқ эҳтироз аз кина аст,
Гар камини захм кам дорӣ, кам аз марҳам наӣ.
Даъвии ҳастист, к-охир хам ба дӯшат мекашад,
Дар каминат сернигунӣ чист, гар мулзам
наӣ?
Анҷуманро хилвати таҳқиқи ӯ фаҳмидан аст,
Гар ту ин ҷо нестӣ, ҳуше, ки он ҷо ҳам наӣ.
Риштаи мавҷи ту пур суст аст бе саъйи гуҳар,
Пой то сар то напечӣ бар камар, муҳкам наӣ.
Чун нафас ҳар дам задан шуғли ту таҷдиди рамест,
Гар ҳама сад сол бошӣ, пеши худ як дам наӣ.
Ҳалқаи дар бош, беруну дарун ҷуз ваҳм нест,
То нагардӣ гирди худ з-ин хонаҳо, маҳрам наӣ.
Хушк натвон ёфт аз шарми адам пешоният,
Гар ҳама субҳӣ, нафас то ҳаст, бешабнам наӣ.
Зери гардун, Бедил, аз мурдан касеро чора нест,
Ҳар куҷо бошӣ, бурун з-ин ҳалқаи мотам наӣ.