Офатэҷод аст табъ аз дастгоҳи худсарӣ,
Офатэҷод аст табъ аз дастгоҳи худсарӣ,
Духтари раз фитнаҳо мезояд аз бешавҳарӣ.
То кай аҷзои камол аз гуфтугӯ барҳам задан?
Як нафас ҳам гар ду лаб бар ҳам гузорӣ, дафтарӣ.
Ҳеҷ кас аз тангнои чарх раҳ берун набурд,
Оламеро кулфати ин хона кушт аз бедарӣ.
Дил шикаст, аммо садоворе наболидем, ҳайф,
Мӯйи чинӣ кард моро дастгоҳи лоғарӣ.
То дар ин бозори ибрат ҷинси мо омад ба арз,
Ҳеҷ кас ҷуз бар фалак нашнид номи муштарӣ.
Сози роҳат гар ҳама хор аст, доми ғафлат аст,
Бар нигаҳ таклифи хоб овард мижгонбистарӣ.
Рангҳо дорад баҳори интизори муддао,
Фарқи дом ин ҷо муҳол аст аз дукони ҷавҳарӣ.
Ҳамчу шабнам инфиоли норасоӣ мекашам,
Дар арақ хобонд парвозам зи беболупарӣ.
Чун дафи ибратхарош аз пайкари фарсудаам
Пӯст рафту барнаёмад устухон аз чанбарӣ
Мастиоҳанг аст пайғоми азал, ҳушёр бош,
Ҷому мино дар бағал меояд овози парӣ.
Ҳар кудуратро ки мебинӣ, сафо мепарварад,
Санг ҳам дар парда дорад олами миногарӣ.
Заҳмати тадбир як сӯ неҳ, ки дар дарёи ишқ
Бодбоне нест киштиро беҳ аз белангарӣ.
Дар паноҳи машраби аҷз эмин аз офот бош,
Хори ин саҳро надорад шеваи домандарӣ.
Чун чанор аз қадрдонони матои роҳатам,
Кардаам савдо ба сад дасти дуо як бебарӣ.
Танбамурдандодаро офат далели эминист,
Нози болини пари тир аст хоби лашкарӣ.
Улфати ҳастию озодӣ ҷунуни ваҳми кист?
По каш аз доман чу ашк, он дам ки аз сар бигзарӣ.
Аз суроғи чашмаи ҳайвон, ки ваҳме беш нест,
Медиҳад обе нишон оинаи искандарӣ.
Халқе аз авҳом истихроҷи мастӣ мекунад,
Бод гир он май, ки паймояд фарас аз соғарӣ
Тавқ дар гардан ба гардун мепарӣ чун гирдбод,
Ҷойи шарм аст он сулаймонию ин ангуштарӣ.