Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Офият пеш оядат, вақте ки аз дунё равӣ,

Офият пеш оядат, вақте ки аз дунё равӣ, Зери гардун нест осудан, магар боло равӣ. Кас рафиқи кас намебошад дар ин ғурбатсаро, Гар ҳама бо корвон бошӣ, ҳамон танҳоравӣ. Даъвати асмо салои ом дорад дар камин, Кадяат номест, бояд бар дари анқо равӣ. Чун гуҳар то хок гаштан санг бар дил бастан аст Об шав, эй қатра, гар берун аз ин дарё равӣ. Аз адам ноҷаста халқерост ташвиши адам, Фурсатат гарде надорад, рафта бошӣ, то равӣ. Бо талоши ғайратоҳангон гаравтозӣ хатост, Сар чу шамъат по шавад, то ҳамъинони мо равӣ. Аз такаллуфҳои ҳастӣ ҷастанат инсоф нест, Бо рафиқон соате кун сабр, то якҷо равӣ. Интизори ҳосили матлаб дар ин маҳфил кирост? Қосиди пайғоми худ мебош, дар ҳар ҷо равӣ. Нестӣ бо ҳастият дар хок ҳам дорад ҳисоб, Як гиребон беҳ, ки онсӯтар зи нақши по равӣ. Омадурафти нафасро фурсати андешаӣ, Эй ҳавас, кай омадӣ имрӯз, то фардо равӣ? Ҳеҷӣ, эй маъдум, дар исботи нафйи хеш бош, «Ло» надорад пойи рафторе, ки то «илло» равӣ. Масти аҷзӣ, Бедил, аз гарданфарозӣ шарм дор, Сарнигун мебоядат аз хеш чун мино равӣ.