Афтодаам ба роҳат чун ашк бе равонӣ,
Афтодаам ба роҳат чун ашк бе равонӣ,
Мактуби интизорам, шояд маро бихонӣ.
Аз сози ҳайрати ман мазмуни нола дарёб,
Гарди нигоҳ дорад фарёди нотавонӣ.
Он ҷо ки ишқ резад оинаи таҳайюр,
Равшантар аз баёнҳо мазмуни безабонӣ.
Ё изтироби ашке, ё ваҳшати нигоҳе,
То кай ба ранги мижгон парвозошёнӣ?
Аз рафтани нафасҳо осор нест пайдо,
Нақши қадам надорад саҳрои зиндагонӣ.
Дарёи ишқу соҳил? Эй бехабар, чӣ ҳарф аст?
То қатра дорад ин ҷо тӯфони бекаронӣ?
То чанд санги роҳат бошад ғубори ҳастӣ?
Аз ваҳшати шарар кун машқи сабукъинонӣ.
Дар оламе, ки нақдаш масруфи эҳтиёҷ аст,
Ибром мефурӯшӣ, чандон ки зинда монӣ.
То табъи дун насозад мағрури ихтиёрат,
Нокардан аст авло, коре ки метавонӣ.
Бе сайд дидаи дом махмур менамояд,
Қадди дутост ин ҷо хамёзаи ҷавонӣ.
Хумхонаи таманно ҷоме дигар надорад,
Муфт аст бедимоғӣ, гар нашъа мерасонӣ.
Бедил, ғубори оҳе то ранги авҷ гирад,
Аз чоки сина дорам чун субҳ нардбоне.