Беҳосилиям баст ба гардан хами пирӣ,
Беҳосилиям баст ба гардан хами пирӣ,
Чун бед зи сар то қадамам олами пирӣ.
Дар олами фурсат чӣ қадар қофия танг аст?!
Мӯр аст сияҳ пештар аз мотами пирӣ.
То пунба ниҳад кас ба сари доғи ҷавонӣ,
Кофур
надорад асари марҳами пирӣ.
Мавқуфи фаромӯшии айёми шабоб аст,
Хулде агар эҷод кунад Одами пирӣ.
Ҳайҳот, ба ин ҳалқа дари дил накушуданд,
Рафтанд ҷавонон ҳама номаҳрами пирӣ.
Озодагӣ он нест, ки аз марг ҳаросад,
Бар сарв набастаст хамидан ғами пирӣ.
Дил хӯрд фишоре, ки зи ҳам рехт нигинаш,
З-ин беш чӣ тангӣ дамад аз қомати пирӣ?
Таъсир нафас сӯхт ба сомони фусурдан,
Рав, оташи ёқут фурӯз аз дами пирӣ.
Ангуштнамои адам аз мӯйи сапедам,
Карданд чу субҳам алам аз парчами пирӣ.
Чун мӯ ба сапедӣ занад, аз лоф ҳаё кун,
Ҳуш дор, ки Зол аст ҳамон Рустами пирӣ.
Бедил, ту ҷавонӣ, ба такутоз қадам зан,
Ман сояи девори худам аз хами пирӣ.