Барӣ то зи таҳқиқи дидор бӯе,
Барӣ то зи таҳқиқи дидор бӯе,
Дар оина бингар, бибину магӯе.
Шикасте аён шуд зи сози манумо,
Дамидем аз чинии ваҳм мӯе.
Дар ин боғ аз сабза то нахл дидам,
Бурун омадан дошт аз худ нумӯе.
Ҳалокам, к-аз ин варта кай сар барорам?
Гирифтаст саъйи ду бозу кадуе.
Зи хиҷлат шудам пок, то хок гаштам,
Ба қадри таяммум намудам вузӯе.
Ғуборам чаро баъди мурдан нанозад?
Бар ин сурма чашмест аз нозхӯе.
Таби арзи ҳоҷат шикастам ба хиҷлат,
Бар оташ задам ҳамчу шамъ обрӯе.
Бар ихвон чу Юсуф ниҳон монд қадрам,
Зи бӯ дошт пироҳани ман утуе.
Чӣ миқдор нолам зи бедоди ҳиҷрон?
Магар бар найистон бибандам гулӯе.
Надонам, ба арзи намудам кӣ хандад?
Мусаввир магар созад аз шарм рӯе.
Агар хун хурӣ то қиёмат, наёбӣ
Дар ин шаш ҷиҳат ҳамчу ман ҳеҷсӯе.
Наям ончунон дур аз осори ҳастӣ,
Ки бар ман тавон кард имои ӯе.
Чу гул чораи ман муҳол аст, Бедил,
Ҳама захмаму нест тори руфӯе.