Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба вазъи ғурбатам манзури бетобист оромӣ,

Ба вазъи ғурбатам манзури бетобист оромӣ, Зи мавҷи гавҳарам гарди ятимӣ нест бе доме. Дили маъюси моро, эй фалак, бекор нагзорӣ, Ҳузури ишрати субҳе набошад, кулфати шоме. Фано гаштему хоки мо ба зери чархи миноӣ Чу реги шишаи соаат надорад бӯйи ороме. Ҳарифон, муғтанам доред даври комрониро, Дар ин маҳфил ба коми бахти мо ҳам буд айёме. Ғурураш саркаш афтодаст, эй бетоқатӣ, арзе, Тағофул шӯхӣ аз ҳад мебарад, эй нола, иброме! Зи чашми тангзарфи худ ба ҳуснаш барнамеоям, Чӣ сон гирдоб гирад баҳрро дар ҳалқаи доме? Дар ин саҳро намеёбам илоҷи ташнакомиҳо, Магар табхола болад, то лаб аз ҳасрат кашад ҷоме. Хумору мастии ин базм ҷуз ҳарфе намебошад, Машав мағрури огоҳӣ, ки васл ин ҷост пайғоме. Нигоҳи бениёзӣ, андаке таҳрики мижгон кун, Ҷаҳоне пешат ояд, гар ту аз худ бигзарӣ гоме. Шарар гардид умру ман ҳамон санги замингирам, Нашуд ин ҷомаи афсурдагӣ манзури эҳроме. Димоғи бенишонӣ худнамоӣ барнамедорад, Бас аст, оинаи осори анқо кардаам номе. Ҷунунсайёдии ман чун саҳар пинҳон намебошад, Ба ҳар ҷо гарди парвозест, ман афкандаам доме. Заифӣ дар амонам дорад аз бемеҳрии гардун, Шикасте нест ранги сояро, гар афтад аз боме. Дар ин маҳфил на он берабтӣ афшурдаст дилҳоро, Ки ёбӣ эҳтимоли тавъамӣ дар мағзи бодоме. Димоғе дар ҳавои пухтагӣ парвардаам, Бедил, Ба мағзи фитратам нисбат надорад фикри ҳар хоме.