Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Баски бе рӯи ту хиҷлат кард хирман зиндагӣ,

Баски бе рӯи ту хиҷлат кард хирман зиндагӣ, Бар ҳарифон марг душвор асту бар ман зиндагӣ. Бо чунин дарде, ки бояд зист дур аз дӯстон, Беҳ, ки напсандад қазо бар ҳеҷ душман зиндагӣ. Кош дар кунҷи адам бе дарди сар месӯхтам, Ҳамчу шамъам кард роҳи марг равшан зиндагӣ. Хиҷлати ишқу вафо, яъсу умеди муддао, Оламе шуд бори дил з-ин бори гардан зиндагӣ. Бенафас гардидан аз офот эмин мекунад, Он чароғеро ки дорад зери доман зиндагӣ. Ташнаи обе набояд буд, к-аз сар бигзарад, Мешавад охир дами теғ аз гузаштан зиндагӣ. Фурсати оворагӣ ҳам як-ду гардиш беш нест, То ба кай дорад чу сангат дар фалохан зиндагӣ? Ҳар кӣ мебинӣ, дуконорои нозе дигар аст, З-ин қумоши пуч, яъне, боби мурдан зиндагӣ. То куҷо ҳамкисвати товус хоҳӣ зистан? Бехабар дар обат афкандаст равған зиндагӣ. Гаҳ ба манзар мефиребад, гаҳ ба бомат мебарад, Мекашад то хонаи гӯрат ба ҳар фан зиндагӣ. Дастгоҳи нола ҳам, эй кош, мадде мекашид Чун сипандам сӯхт доғи ним шеван зиндагӣ? Шабнаминшо буд, Бедил, хиҷлати парвози субҳ, Бар кафан зад, то арақ кард аз давидан зиндагӣ.