Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба шуҳрат зад иқболи халқ аз табоҳӣ,

Ба шуҳрат зад иқболи халқ аз табоҳӣ, Сапед аст нақши нигин аз сиёҳӣ. Димоғи ғурур аз фақирон наболад, Каҷӣ нест сармояи бекулоҳӣ. Гар ин аст дарди сари зарпарастон, Ҳамон иҷтимои гадоист шоҳӣ. Надонам димоғи хаёлофаринон Чӣ дорад дар ин имтиҳонгоҳи воҳӣ. Надидаст, аз ин баҳр ғайр аз фусурдан Ба чашме ки мавҷи гуҳар нест роҳӣ. Яқин эҳтиёҷи далоил надорад, Дар об афканад сурмаро чашми моҳӣ. Нахоҳӣ шудан мункири ончи гуфтӣ, Ду лаб дода дар ҳар ҳадисат гувоҳӣ. Гар иқболи хуршедият авҷ гирад, Фурӯзад чароғ аз дами субҳгоҳӣ. Ба ҳар ҷо кушуданд мижгони нозат, Ба чашми бутон хоб шуд хушнигоҳӣ. Шунидам, қадам мегузорӣ ба чашмам, Замин сабз кардаст мижгонсиёҳӣ. Катон боби маҳтоб чизе надорад, Ба ҳар ҷо туӣ, дигар аз ман чӣ хоҳӣ? Карам баски гармимтиҳон аст, Бедил, Маро сӯхт андешаи бегуноҳӣ.