Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бардоштани дил зи ҷаҳон кард гаронӣ,

Бардоштани дил зи ҷаҳон кард гаронӣ, К-аз пириям охир ба ҳам афтод ҷавонӣ. Маҳмези раме нест чу таклифи тааллуқ, Номат наҷаҳад, то ба нигинаш нанишонӣ. Эй бехабар аз нанги сабукрӯҳии анқо, То номи ту хиффаткаши ёдест, гаронӣ. Сарпанҷаи тасхири ҷаҳонат ба чӣ арзад? Дасти ту ҳамон аст, ки доман бифишонӣ. Бар ҳар кӣ мадад кардаӣ аз олами исор, Номаш ба забон гар бибарӣ, бозситонӣ. Сатри нафасу қайди тааммул чӣ хаёл аст? Ҳарчанд бимирӣ, ки туаш сакта нахонӣ. Ҳар ҷот бипурсанд зи тимсоли ҳақиқат, Бояд насаби ҳарф ба оина расонӣ. Обест тағофул ба дами теғи ғурураш, Ё Раб, ки зи хунам накунӣ қатъ равонӣ. Таҳқиқи ту хуршеду ҷаҳон ҷумла далоил, Пайдост, чӣ миқдор аёнию ниҳонӣ. Ҳар кас ба хаёли дигар аз васли ту шод аст, Ҳангомаи кунҷи даҳану мӯйи миёнӣ. Кайфияти он дасти нигорин агар ин аст, Товус кунад гул, магасеро ки биронӣ. Эй мавҷи гуҳар, об шав аз нанги фусурдан, Рафтанд рафиқону ту дар забти инонӣ. Бедил, асари нашъаи назми ту баланд аст, Уммед, ки худро ба димоғе бирасонӣ.