Эй шайх, ба тадбири амал
Эй шайх, ба тадбири амал
беҳудасарфӣ,
Дастор ба куҳсор маяфкан, тали барфӣ.
Ҳамнисбатии гавҳари розат чӣ хаёл аст?
Аз ваҳм бурун о, кафи ин қулзуми жарфӣ.
Дунфитратият ғайри тарӣ мағз надорад,
Бар ҳавсалаи пуч маноз, обилазарфӣ.
Дар олами барқу шарар уммеди вафо нест,
Ҳастӣ рами ноз асту ту ҳасраткаши тарфӣ
Бо нақши хаёл ин ҳама раъно натавон зист,
Чун пайкари товус зи найранг шигарфӣ
Баҳси манумо бурдаӣ он сӯи қиёмат,
Эй мадди нафас, бо ҳама фурсат ду-се ҳарфӣ.
Бедил, адаби илму фан аз дур ба ҷо ор,
Ҷуз хиҷлати тақрир на наҳвию на сарфӣ.