Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бо баҳсу ҷадал гар ҳама Бирҷиси улумӣ,

Бо баҳсу ҷадал гар ҳама Бирҷиси улумӣ, Ҷуз мадраса ҳар ҷо биравӣ, раъси қудумӣ. Хулқи ҳасан изои табоеъ написандад, То даъвият илзом бувад, бар ҳама шумӣ. З-ин касби саодат, ки ту дар мадраса кардӣ, Ҳарчанд ҳумо зери пари туст, ки бумӣ. Дар ваҳми худ одам шудаӣ, лек чӣ ҳосил? Фаҳме нанамудӣ, ки ҷаҳулию залумӣ Ҳайф аз дили огоҳ, к-аз афсуни мавоиз, Лофи дами Исо занию боди самумӣ. Оинаи дил дошт канорат, чӣ шуд охир? К-имрӯз дар андешаи афлоку нуҷумӣ? Мушкил бадар оӣ зи сияҳкории авҳом, Аз ҳандаса гар тавба кунӣ, масти руқумӣ. Гар кам шавадат гандагии вазъи сирешум, З-ибром ҳамон мустакию кундури Румӣ. Аз ҳарфи мулоим нашудӣ марҳами захме, Дар шамъ магар сарф шавӣ з-ин ҳама мумӣ. Аз дарди сари мавъизати халқ бадар зан, Раҳме ба худ охир, ки ғубори чӣ ҳуҷумӣ? Бедил, ту к-аз атвори касон мекунӣ инкор, Шарме, ки чӣ ҷинсӣ, чӣ касӣ, дар чӣ русумӣ?