Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сад ранг нақш бастем дар ёди гулҷабине,

Сад ранг нақш бастем дар ёди гулҷабине, Товус кард моро тасвири нозанине. Парвози шавқ имрӯз маҳмилкаши тапиш нест, Дар байза ҳам ҷунун дошт бе болу пар камине. Ваҳми бараҳнапоӣ гар доманат нагирад, Ҳар хори ин биёбон дорад таранҷубине Суру хурӯши маҳшар дар гӯши ошиқонат Кам нест, гар расонад аз пашшае танине. Моро ғурури дониш шуд дурбоши таҳқиқ, Мехост ин тамошо чашми бахуднабине. Дар мактаби таайюн чандин варақ сияҳ кард Машқи хаёли ҳастӣ аз сархати ҷабине. З-ин дашту дар надидем, ҷое ки дил кушояд, Дар баҳри назм шояд пайдо шавад замине. Шуҳраткамини анқо мурдему хок гаштем, Бар номи мо нахандид з-ин анҷуман нигине. Аз зарра то маҳу меҳр омодаи раҳил аст, Ҳар пой бар рикобе, ҳар тавсанею зине. Бедил, мапеч чандин бар дастгоҳи иқбол, Дар домани баландат чин дорад остине.
Сад ранг нақш бастем дар ёди гулҷабине, | Шоирон