Шарари коғазӣ, ороиши дуккон накунӣ,
Шарари коғазӣ, ороиши дуккон накунӣ,
Сафҳа оташ назанӣ, фикри чароғон накунӣ.
Амали пуч мукофоткамин мабошад,
Оташе нест, агар пунба намоён накунӣ.
Завқи дарёкашӣ аз ҳавсалаи ваҳм барор,
То зи хамёзаи амвоҷ гиребон накунӣ.
Ҳар куҷо ҷинси ҳавас қобили савдо бошад,
Нест нақди ту аз он киса, ки нуқсон накунӣ.
Эй сияҳкор, агар гиря набошад, арақе,
Оҳ аз он доғ, ки абр оию борон накунӣ!
Сели бунёди тамошо мижа бар ҳам задан аст,
Хонаи оина, ҳуш дор, ки вайрон накунӣ.
Дӯстон якқалам оғӯши видоъанд ин ҷо,
Такя чун ашк ба ҷамъияти мижгон накунӣ.
Чӣ хаёл аст, ки дар анҷумани ҳайрати ҳусн
Гул кунӣ оинаву ноз ба домон накунӣ.
Нафси аммора
ҷуз изои ҷаҳон напсандад,
То нахоҳӣ бади кас, бар худат эҳсон накунӣ.
Ҳайфи саъят, ки ба андози замингириҳо
Пойи худро нафасе обиладандон накунӣ.
Чашми мӯре агарат кунҷи қаноат бахшанд,
Ҳамчу Бедил ҳаваси мулки Сулаймон накунӣ.