Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Шаб чашми ниммасташ во шуд зи хоб ниме,

Шаб чашми ниммасташ во шуд зи хоб ниме, Дар дасти фитна доданд ҷоми шароб ниме. Мавҷи хиҷолати сарв пайдост аз лаби ҷӯ, К-аз шарми қомати ӯ гардида об ниме. Гирам, лабат нагардад бепарда дар такаллум, Аз шӯхии табассум барзан ниқоб ниме. З-он абри хат, ки дорад тарфи баҳори ҳуснат, Хуршед панҷаи ноз зад дар хизоб ниме. Ҳусн аз хати ту фарш аст сомони хоби нозаш, Бар рӯи соя ниме, дар офтоб ниме. Кайфияти табассум болид як сари мӯ, К-аз нуқтаи даҳонат кард интихоб ниме. Пок аст дафтари мо, к-аз барқи нокасиҳо Боқӣ наметавон ёфт аз сад ҳисоб ниме. Сармоя як нафас умр, он ҳам ба бод додем, Дар касби ҳирс ниме, дар хӯрду хоб ниме. Қонеъ ба ҷоми ваҳмем аз базми ҳастӣ, эй кош, Қисмат кунанд бар мо аз як ҳубоб ниме. Умрест оҳам аз дил монанди дуди миҷмар Дар оташ аст ниме, дар печутоб ниме. Он лолаам дар ин боғ, к-аз дарди бедимоғӣ То як қадаҳ ситонам, кардам кабоб ниме. Дар даъвии камолот сад нусха лофи фазлам, Аммо наям ба маънӣ дар ҳеҷ боб ниме. Мӯйи сафед гул кард, омодаи фано бош, Яъне, саводи ин шаҳр бурдаст об ниме. Бедил, нишоти ин базм азбаски нотамомист, Чарх аз ҳилол дорад ҷоми шароб ниме.