Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Оламе бар бод рафт аз саъйи беповусарӣ,

Оламе бар бод рафт аз саъйи беповусарӣ, Хомаҳо дар машқи лағзиш гум шуд аз бемистарӣ. Фурсати ҷамъияти дил навбаҳори муддаост, Ғунчахуспиҳо муқаддам гир бар гулбистарӣ. Гуфтугӯ бунёди тамкинат ба тӯфон медиҳад, Гар ҳама куҳсор бошӣ, з-ин садоҳо мепарӣ. Бемуҳобо дам мазан, гар поси дил мебоядат, Бо нафас дорад ҳисоб оинаи миногарӣ. Резиши ашке чу шамъат Хизри мақсад кардаанд, Кош, бо ин лағзиш аз истодагиҳо бигзарӣ. Реша бар гардун давонидему аҷзи мо ба ҷост, Саъйи болидан набурд аз паҳлуи мӯ лоғарӣ. Дар пайи мо инфиоли сарнавишт афтодааст, Номаи моро мапечон, хатти мо дорад тарӣ. З-ин асарҳо, к-аз саодат хуфта дар боли ҳумо, Бар пари товус боистӣ дукони муштарӣ. То куҷо он ҷилва дар дилҳо кашад майдони ноз? Дар фишори шиша афтодаст оғӯши парӣ. Ғафлати зотӣ зи тадбири таҷоҳул фориғ аст, Аз фусуни пунба миннат барнамедорад карӣ. То адам овораи офот бояд тохтан, Киштиятро ҷуз фурӯ рафтан надорад лангарӣ. Файзи саҳро дар ғубори хонумон осуда аст, То ба доман ворасӣ, бояд гиребон бардарӣ. Барг-барги беди ин боғ имтиҳонгоҳи хамист, Ҳеҷ боре нест сангинтар зи яъси бебарӣ. Бо хирад гуфтам: Чӣ бошад инфиоли одамӣ? Сӯи дунё диду гуфт: Ашғоли асбоби харӣ. Умрҳо шуд, мезанӣ, Бедил, дари дайру ҳарам, Оҳ аз он рӯзе, ки гӯяндат: чӣ заҳмат мебарӣ?