Иёри фитнаи чархи ситамгар то куҷо гирӣ?
Иёри фитнаи чархи ситамгар то куҷо гирӣ?
Ҳисоби шуълаи ҷаввола чанд аз осиё гирӣ?
Руунат
бо заифӣ ҷамъ кардан шарм мехоҳад,
Ки бархезӣ зи ҷо чун шамъу аз гардан асо гирӣ.
Ба ранги субҳаат ҳайф аст роҳи шубҳа паймудан,
Ки яксар аз ғалатфаҳмӣ тариқи ибтидо гирӣ.
Чӣ имкон аст гардидан ҳарифи забти авҳомат?
Баҳорат ғунча гардад, то инони рангҳо гирӣ.
Зи ибрат ғофилӣ, товусии боғи ҳавас то кай?
Кунӣ сайри биҳишт он дам, ки чашме зери по гирӣ.
Чӣ инсонист бо ҳамсоягон девонагӣ кардан?
Саге ҳам нанг медорад, ки пои ошно гирӣ.
Ионат
пеш натвон бурд бе имдоди якдигар,
Асо дасти ту гирад, гар ту ҳам дасти асо гирӣ.
Набояд буд аз аркони одоби сухан ғофил,
Вузӯе аз арақ шарт аст, агар номи ҳаё гирӣ,
Ба ҳастӣ барнаёӣ, то набинӣ хиҷлати мурдан,
Ба хок афтода бошӣ беҳ, ки куштӣ бо қазо гирӣ.
Ҳамин базм аст, хоҳӣ, сабр кун, хоҳӣ, бинол ин ҷо,
Муҳол аст ин, ки тарки унси ин ваҳшатсаро гирӣ.
Нафас бори ҷаҳоне чун саҳар бар дӯши мо дорад,
Фалакро аз замин бардоштӣ, гар дасти мо гирӣ.
Ба он озодагӣ бо аҳли олам соз кун, Бедил,
Ки пеши ҳар ки оӣ, чун нафас роҳи дуо гирӣ.