Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чанд печад бар мани бедаступо афтодагӣ?

Чанд печад бар мани бедаступо афтодагӣ? Аз раҳам бардор, то гирад асо афтодагӣ. Шеваи ушшоқ чун ашк аст дар роҳи ниёз, Ибтидо саргаштагиҳо, интиҳо афтодагӣ. Нест саъйи мо биёбонмарги миннатҳои Хизр, Лағзиши поест, хоҳад бурд то афтодагӣ. Оламе аз аҷзи мо чидаст сомони ғурур, Кард моро сояи боли ҳумо афтодагӣ. Бигзар аз кӯшиш, ки дорад водии таслими ишқ Ҷода аз худ рафтану манзил зи по афтодагӣ. Домани таслим ҳам осон намеояд ба даст, Хок гардидем, то шуд ошно афтодагӣ. Ҳар чӣ аз мо гул кунад, тамҳиди таслим асту бас, Саркашӣ ҳам дорад аз дасти дуо афтодагӣ. Гар касе аз по дарафтад, мо зи сар афтодаем, Як замину осмон аз мост то афтодагӣ. Мо ба таъзим аз сари бунёди худ бархостем, Шуъла ҳам гар кард бо хошоки мо афтодагӣ. Хоки моро саҷдаи он остон муфт аст, муфт, В-арна, эй ғофил, куҷо мову куҷо афтодагӣ? Маҳрами нақши қадам сайри нигоҳаш зери пост, Ибратомӯз аст вазъи мо, хушо афтодагӣ! Ҳамчу оташ сар макаш, Бедил, ки дар тадбири амн Хоки бунёди туро дорад бапо афтодагӣ.