Ҷуз офиятам, нест ба савдои ту нанге,
Ҷуз офиятам, нест ба савдои ту нанге,
Эй хок бар он сар, ки наярзид ба санге.
Он ҷо ки хироми ту шикорафкани дил буд,
Аз сарв чаман ҳам ба ҷигар дошт хаданге.
Махмури лабат гар чаманаш нашъа расонад,
Дар шишаи як ғунча намонад майи ранге.
Маҳв аст дар оинаи тамкини ту шӯхӣ,
Чун маънии парвози шарар дар дили санге.
То тарҳи табассум фиканӣ, чини ҷабин аст,
Дар лутфу итобат натавон ёфт диранге
Дар олами эҷод мусаллам
натавон зист,
Ҳар дил аламе дораду ҳар оина занге.
Дар дидаи ибратасари доми ҳаводис
Хуфтаст ба зери пари товус паланге.
Хуш бош ба пирӣ, чу зи каф рафт шабобат,
Гар замзамаи най набувад, навҳаи чанге!
Ин машҳади найранг, ки субҳ аст далелаш,
Захми нафасе дораду хунрезии ранге.
Фарёд, ки дар сурма нуҳуфтанд хурӯшам,
Бишкаст дил, аммо нарасидам ба таранге
Умрест, ки чун ашк қафотози нигоҳам,
Бо барқасаворон чӣ кунад кӯшиши ланге?
Дар дидаи абнои замон чанд тавон зист
Макрӯҳтар аз сурати имон ба Фаранге?
То хуни кӣ соғаркаши ороиши ноз аст,
Аз ранги ҳино мерасад оина ба чанге.
Бедил, наям озод ба ранге, ки зи туҳмат
Бар чашми шарорам мижа бандад раги санге.