Ҷаҳд кун, то наравӣ бар асари неку баде,
Ҷаҳд кун, то наравӣ бар асари неку баде,
Ки Хизир низ дар ин бодия дом асту даде.
То гулистони ту дар сабзаи хат гашт ниҳон,
Дидае нест, ки чун лола надорад рамаде.
Доғҳо дар дили хунгашта муҳайё дорам,
Кардаам назри вафои ту пур аз гул сабаде.
Ҷон чӣ бошад, ки тавон назри туам андешид?
Ин қадар туҳфа наярзад ба қабулеву раде.
Офиятдӯстию парвариши ҳуш хатост,
Нест дар маҳфили таҳқиқ чу май бохираде.
Носеҳо, аз дамат афсурд чароғи дили мо,
Кош, марг аз ту кунад гарм канори лаҳаде.
Ҷавҳаре лозими теғ аст, чи пайдо, чи ниҳон,
Абруи зулм тиҳӣ нест зи чини ҳасаде.
Равнақи ҷоҳ гар аз атласу дебо бошад,
Сайқали оинаи мост ғубори намаде.
Ҳамраҳи қофилаи ашк ту ҳам роҳӣ бош,
Ки беҳ аз лағзиши по нест ба мақсад баладе.
Ҳама ҷо доғи гадоӣ натавон шуд, Бедил,
Хиҷилам бештар, аз ҳар кӣ надорам мададе.