Чу чинӣ шудам маҳви нозукадоӣ,
Чу чинӣ шудам маҳви нозукадоӣ,
Зи мӯ хат кашидам ба шуҳратнавоӣ,
Фиғон доғи дил шуд зи бедаступоӣ,
Фусурд оташам, эй тапидан, куҷоӣ?
Ба он авҷи иқболам аз бекасиҳо,
Ки дорад магас бар сари ман ҳумоӣ.
Парафшони шавқам, хурӯшест тавқам,
Гирифторам, аммо ба қадри раҳоӣ.
Кабоби висолам, хароб аст ҳолам,
Зи ғам чун нанолам? Фиғон аз ҷудоӣ!
Нашуд охир аз хуни сайди заифам
Сарангушти пайкони тират ҳиноӣ.
Тарӣ нест дар чашмаи зиндагонӣ,
Зи хиҷлат нами ҷабҳа дорам гадоӣ.
Фано сози дидор кард аз ғуборам,
Нигаҳ шуд саропоям аз сурмасоӣ.
Такаллуф
макун сози тақлиди анқо,
Зи олам баро, то ба рангам бароӣ.
Биболад ҳавас дар дили содалавҳон,
Кунад акс дар оина худнамоӣ.
Дар ин коргоҳи ҳалокаттамошо
Чӣ бофад шабу рӯз, ҷуз карбалоӣ?
На оҳанги шавқе, на парвози завқе,
Ба бекориям кушт бемуддаоӣ.
Ҳавое нашуд дастгири ғуборам,
Заминам фурӯ бурд аз беасоӣ.
Ба сози хамӯшӣ шудам шуҳра, Бедил,
Дуболо зад оҳангам аз бенавоӣ.